Зариф: Кумитаи ҳақиқатёби байналмилалӣ дар бораи ҳодисаи Хон Шайхун ташкил шавад
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон бар лузуми ташкили кумитаи ҳақиқатёби байналмилалӣ дар бораи ҳамлаи кимиёии машкуки сешанбеи ҳафтаи гузашта ба минтақаи Хон Шайхун, дар вилояти Идлиби Сурия таъкид кард.
Ба гузориши идораи кулли дипломатии расонаии Вазорати умури хориҷаи Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар идомаи ройзаниҳову гуфтугӯҳои худ бо мақомоти аршади сиёсиву байналмилалии ҷаҳон, ҷудогона бо дабири кулли Созмони милали муттаҳид ва вазирони умури хориҷаи Италия, Кувайт ва Туркия дар бораи масоили минтақаӣ ва охирин таҳаввулоти Сурия телефонӣ суҳбат кард.
Дар ин гуфтугӯҳо бар зарурати ташкили кумитаи ҳақиқатёби байналмилалӣ перомуни ҳамлаи кимиёӣ ба минтақаи Хон Шайхун таъкид шуд.
Дар ҳамлаи кимиёии машкуки рӯзи сешанбеи чаҳоруми апрел ба минтақаи Хон Шайхун, дар ҷануби Идлиби Сурия, беш аз сад нафар кушта ва ҳудуди 400 нафар захмӣ шуданд.
Пас аз ин ҳодиса, Амрико ва дигар кишварҳои ҳомии террористҳо дар Сурия талоши фаровоне карданд то давлати Сурияро ба бомбаборони кимиёии Хон Шайхун муттаҳам кунанд, аммо давлати Сурия ин иттиҳомро ба шиддат рад кард. Амрико ҳамчунин ба баҳонаи ҳодисаи Хон Шайхун, рӯзи ҷумъа пойгоҳи ҳавоии Ашшаъирот дар Ҳумси Сурияро, ки аслитарин маркази мубориза бо гурӯҳҳои террористии ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра дар минтақа аст, ҳадафи 59 мушаки Круз қарор дод.