Апрел 17, 2017 12:07 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Тиҷорати озоди Эрон ва минтақаи АвруОсиё тавсеа меёбад

Бо пешрафтҳо ва баҳрабардорӣ аз тарҳҳои муҳимми иқтисодии Порси Ҷанубӣ, зарфияти хубе барои тақвияти тиҷорати озод байни Эрон ва панҷ кишвари минтақаи АвруОсиё шомили Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон фароҳам шудааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, асри якшанбе дар маросими баҳрабардорӣ аз чаҳор тарҳи петрошимӣ, дар минтақаи дуввуи Порс Канагони устони Бушеҳр дар ҷануби Эрон, бо баёни ин матлаб афзуд, Эрон долони шимол- ҷануб ва шарқ- ғарб хоҳад шуд.

Рӯҳонӣ ифтитоҳи тарҳҳои петрошимӣ ба дасти муҳандисон ва мутахассисони эрониро нишон диҳандаи тавоноии миллати Эрон донист ва гуфт, Эрон акнун зарфияти хубе барои тавсеаи маҳсулоти кишоварзӣ, санъатӣ ва содирот ба кишварҳои шимолии худ дорад.

Вай бо баён ин, ки Эрон ба думболи эҷоди хатти иртиботи рейлӣ ва ҷодаӣ барои расидан ба дарёи Сиёҳ ва Баҳри Миёназамин аст, афзуд, интиқоли колоҳои мавриди ниёз Русия аз шибҳи қораи Ҳинд аз масири Бандар Аббос ба Маскав аз тариқи роҳи оҳан, аз дигар иқдомоти давлати Эрон аст.

Дар сафари якрӯзаи раисиҷумҳури Эрон ба устони Бушеҳр дар ҷануби Эрон, фозҳои 17, 18, 19, 20 ва 21 майдони газии Порси Ҷанубӣ ва чаҳор тарҳи бузурги петрошимӣ ба баҳрабардорӣ расид.

Майдони газии Порси Ҷанубӣ, ки бузургтарин майдони газии ҷаҳон аст, дар Халиҷи Форс ва дар обҳои сарзамини Эрон ва Қатар воқеъ шудааст.

 

Барчасп