Апрел 17, 2017 15:44 Asia/Dushanbe

Сафири Тоҷикистон дар Эрон аз баргузории Ҷашнвораи фарҳанги милал дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва ҳузури донишҷӯёни тоҷик бо пушиши суннатӣ дар ин ҷашнвора истиқбол кард.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, Неъматуллоҳи Имомзода, сафири Тоҷикистон дар Эрон, ки ба унвони меҳмони вижа дар маросими ифтитоҳияи сеюмин Ҷашнвораи фарҳанги милал дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳузур дошт, дар ҳошияи боздид аз ғурфаҳои мухталифи ин ҷашнвора ба вижа ғурфаи Тоҷикистон гуфт: Ба ростӣ ин ҷашнвора такони тозае дар рушди фарҳангии ҳамаи кишварҳост .

Имом‌зода бо истиқбол ва таҷлил аз ин ҷашнвораи байналмилалӣ ва иқдомоти фарҳангии назири он, аз ҳузури донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ҷашнвораи фарҳанги милали Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ибрози хурсандӣ кард.

Вай гуфт: Донишҷӯёни тоҷик, ки бо либосу нишонаҳои миллӣ дар ин ҷашнвора ширкат карданд, намояндаи фарҳанги миллати тоҷик дар ин ҷашнвора ҳастанд ва тавонистанд фарҳангу ҳунари гузашта ва ҳоли Тоҷикистонро муаррифӣ кунанд .

Неъматуллоҳи Имомзода таъкид кард, Тоҷикистон ба сиёсати дарҳои боз бовар дорад, лизо аз тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо ҳамаи кишварҳо истиқбол мекунад .

Сеюмин Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги милал рӯзи душанбе 17 апрел бо ҳузури донишҷӯёни 21 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад оғоз шуд ва то се рӯз идома дорад .

Илова бар сафири Тоҷикистон, сафирони Ироқу Афғонистон, дабири дуввуми сафорати Индонезия, дабири аввали консулгарии Тайван, дабири аввали консулгарии Яман ва дабири аввали сафорати Кореяи Ҷанубӣ, сарконсули Туркия дар Машҳад ва раиси дафтари намояндагии Комиссари олии паноҳандагони Созмони милали муттаҳид дар Машҳад дар маросими ифтитоҳияи ин Ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги милал дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ҳузур доштанд .

 

Барчасп