Таблиғоти интихоботии дувоздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон то 18-уми май
Таблиғоти интихоботӣ барои номзадҳои таъйиди салоҳиятшудаи раёсатҷумҳурии Эрон оғоз шуд.
Раиси Ситоди интихоботи Эрон пас аз эъломи расмии номи номзадҳои дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон гуфт, бар асоси моддаи 66-и Қонуни интихоботи Эрон, аз ҳамакнун оғози фаъолияти таблиғоти интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ бидуни монеа аст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Алиасғари Аҳмадӣ хотирнишон кард, бар асоси моддаи 66-и Қонуни интихоботи Эрон, фаъолияти интихоботии номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон аз таърихи эъломи номи номзадҳои салоҳияташон таъйидшуда расман оғоз мешавад.
Шӯрои нигаҳбони Қонуни асосии Эрон панҷшанбешаб асомии шаш номзади таъйиди салоҳиятшудаи интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эронро ба Вазорати кишвари Эрон эълом кард.
Сайид Мустафо Оқо Мирсалим, Исҳоқи Ҷаҳонгирии Кӯшоӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, Сайид Иброҳим Раисии Содотӣ, Муҳаммадбоқири Қолибоф ва Сайид Мустафо Ҳошимитабо, шаш номзади таъйиди салоҳиятшуда барои интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳастанд.
Бар асоси моддаи 66-и Қонуни интихоботи Эрон, фаъолиятҳои интихоботии номзадҳо аз таърихи интишори расмии номи онҳо оғоз ва 24 соат қабл аз шурӯи раъйгирӣ, дар соати 8-и субҳи рӯзи панҷшанбе, 28-уми урдибиҳишт (18 –уми май) поён меёбад.
29-уми урдибиҳишт (19-уми май) интихоботи дувоздаҳумин давраи раёсати ҷумҳурии Эрон ҳамзамон бо интихоботи панҷумин давраи Шӯроҳои исломии шаҳр ва русто дар саросари Эрон баргузор мешавад.