Рӯҳонӣ: Коргарон ифтихори иқтисод ва мардуми Эрон ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i16510-Рӯҳонӣ_Коргарон_ифтихори_иқтисод_ва_мардуми_Эрон_ҳастанд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар маросими гиромидошти “Рӯзи ҷаҳонии коргар”, коргаронро ифтихори иқтисод ва мардуми Эрон донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 01, 2017 10:18 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Коргарон ифтихори иқтисод ва мардуми Эрон ҳастанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар маросими гиромидошти “Рӯзи ҷаҳонии коргар”, коргаронро ифтихори иқтисод ва мардуми Эрон донист.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ- раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи душанбе дар маросими гиромидошти “Рӯзи ҷаҳонии коргар”, ки дар ҳарами мутаҳҳари имом Хумайнӣ (раҳ) бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар Теҳрон баргузор шуд, гуфт, замоне, ки маҳсули эронӣ ба ҷаҳон содир шавад, бетардид коргарон бо иззат ва лаззати бештаре кор хоҳанд кард.

Рӯҳонӣ афзуд, имрӯз бисёре аз маҳсулоти эронӣ ба кишварҳои шимолӣ, ғарбӣ ва шарқи кишвар содир мешавад ва имрӯз бозори кишварҳои шимолӣ омодаи воридоти густурдаи маҳсулоти эронӣ аст ба гунае, ки дар дохили Эрон барои ин ҳаҷм аз содирот омодагӣ вуҷуд надорад.

Ҳамзамон бо маросими гиромидошти “Рӯзи ҷаҳонии коргар”, дар ростои тавсеа ва беҳбуди вазъияти ироаи хадамоти бимаӣ ва дармонӣ ба 42 миллион афроди таҳти пӯшиши Созмони таъмини иҷтимоӣ, ҳафт маркази дармонӣ дар ҳафт устони Эрон, Хузистон, Илом, Симанон, Мозандарон, Озарбойҷони ғарбӣ, Кирмон ва Курдистон аз тариқи видео конфронс ба баҳрабардорӣ расид.

Дар ин маросим аз 15 коргар ва воҳидҳои намуна аз нухбагони ҷомеаи кор ва тавлид, таҷлил шуд.

Имрӯз душанбе- аввали май 2017, “Рӯзи ҷаҳонии коргар” аст.