Май 03, 2017 18:20 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар Исломобод бо Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дидор кард.
    Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар Исломобод бо Муҳаммад Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дидор кард.

Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар Исломобод бо мақомҳои олирутбаи Покистон дар бораи масоили амниятӣ гуфтугӯ кард.

Ба иттилои Ирно, Муҳаммадҷаводи Зариф, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар садри ҳайъати олирутбаи сиёсӣ, низомӣ ва амниятӣ вориди Исломобод шуд, дар дидор бо Муҳаммад Навоз Шариф, дар бораи ҳамлаи террористӣ дар марзи Покистону Эрон, ки ба шаҳодати шуморе аз марзбонони эронӣ мунҷар шуд, бо ӯ ройзанӣ кард .

Зариф пеш аз дидор бо нахуствазири Покистон, бо Чудри Нисар Алӣ Хон, вазири кишвари Покистон ҳам дидор кард ва муборизаи қотеи Исломобод бо террористҳо ба вижа боздошту муҷозоти авомили ҷинояти марзӣ дар марзи Эрон бо Покистонро, ки ба шаҳодати теъдоде аз нерӯҳои марзбони ҷумҳурии исломии Эрон мунҷар шуд, хостор шуд .

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо Сардор Аёз Содиқ, раиси Маҷлиси миллии Покистон дар бораи масоили марзӣ ва хостаҳои ҷумҳурии исломии Эрон аз Исломобод дар заминаи таъмин ва тазмини амнияти марзҳои ду кишвар гуфтугӯ кард .

Ҳафтаи гузашта дар ҳамлаи террористӣ дар нуқтаи сифри марзии Эрон бо Покистон, 10 нафар аз марзбонони минтақаи Мирҷоваи устони Систону Балучистони Эрон ҳангоми гаштзанӣ ба шаҳодат расиданд.

Гурӯҳаки такфирӣ, ки худро Ҷайш Алъадал меномад, аммо миёни мардуми минтақа ба Ҷайш Алзулм маъруф аст, масъуляти ин ҳамлаи террористиро бар уҳда гирифтааст.

Барчасп