Май 07, 2017 14:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири умури хориҷаи Эрон бо раисиҷумҳури Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Эрон дар сафар ба Афғонистон, бо раисиҷумҳури ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дидори Муҳаммадҷавод Зариф, ки рӯзи якшанбе ба даъвати ҳамтои афғонии худ ва дар садри ҳайати сиёсӣ вориди Кобул шудааст, бо Ашраф Ғанӣ бидуни ҳузури хабарнигорон ва расонаҳои гурӯҳӣ анҷом шуд.

Ҳанӯз ҷузъиёти ин дидор мунташир нашудааст.

Зариф ҳамчунин пас аз вуруд ба Кобул бо Салоҳуддин Раббонӣ ҳамтои афғонистонии худ, дидор ва сипас дар нишасти хабарӣ ҷузъиёти ин дидорро ташреҳ кард.

Вазири хориҷаи Эрон дар ин нишасти хабарӣ, омодагии Эронро барои идомаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо Афғонистон эълом кард ва гуфт, ду кишвар заминаи ҳамкории зиёде, аз ҷумла муқобила бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир доранд, ки ин ҳамкориҳо ба нафъи ду миллат аст.

Зариф зимни маҳкум кардани иқдомоти террористӣ зидди мардуми Афғонистон, аз ҳимоят ин кишвар аз Эрон дар маҷомеъ байналмилали қадрдони кард ва афзуд: Эрон низ дар сутӯҳ ва мақотиъ мухталиф аз давлат ва мардум Афғонистон ҳимоят кардааст.

Салоҳуддин Раббонӣ- вазири умури хориҷаи Афғонистон ҳам дар ин нишасти хабарӣ бар тавсеаи равобити Эрон ва Афғонистон бар асоси иштирокоти ду кишвар таъкид кард ва афзуд, Эрон чаҳорумин шарики тиҷории Афғонистон аст ва ду кишвар ҳамкориҳои хубе бо ҳам доранд.

Вазири умури хориҷаи Афғонистон дар идома аз мизбонии Эрон аз миллионҳо муҳоҷири афғонистонӣ дар солҳои тӯлонӣ, қадрдонӣ кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон қарор аст, бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати миллӣ ва Муҳаммадҳаниф Атмар, раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон низ дидор кунад.

 

Барчасп