Ҷашни милоди Имом Маҳдӣ (а) дар сафорати Эрон дар Душанбе
Маросими Ҷашни нимаи шаъбон ва фархунда милоди Имоми замон бо ҳузури ошиқони аҳли байти исмат ва таҳорат (а) дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин маросими маънавӣ шаби панҷшанбе, пас аз иқомаи намози ҷамоати мағрибу ишо бо қироати оёти нуронӣ аз Қуръони карим оғоз шуд. Сипас Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар суханоне ба ташреҳи сифот ва вижагиҳои ҳазрати Имом Маҳдӣ ва низ манишу ҳаракати он ҳазрат пардохт. Ӯ гуфт, чашминтизорӣ барои зуҳури як мунҷие, ки аз ғайб биёяд, танҳо хоси мусалмонон нест, балки ин мавзӯъ тамоми башариятро дар бар мегирад. Фағонӣ афзуд, тафовути мактаби шиа бо дигар макотиби исломӣ дар ин аст, ки ба бовари шиаён, Имоми замон ва мунҷии башарият дар ҳоли ҳозир низ дар замин ҳузур дорад ва ба изни Худованд зуҳур хоҳад кард. Ӯ дар идома ба вазифаи мусалмонон ва мунтазирон дар асри ғайбат ишора карда гуфт, барои зуҳури Имоми замон бояд заминаро фароҳам кард ва фароҳам кардани замина ин аст, ки мусалмонон муттаҳид бошанд.
Шеърхонӣ ва иҷрои мусиқӣ аз дигар бахшҳои ин маросим буд.