Заминларза дар Хуросони Шимолӣ ва ҷон бохтани се нафар
(last modified Sun, 14 May 2017 05:27:14 GMT )
Май 14, 2017 10:27 Asia/Dushanbe
  • Заминларза дар Хуросони Шимолӣ ва ҷон бохтани се нафар

Заминларзаи шанбешаб дар Хуросони шимолии Эрон, хисоратҳои ҷонӣ ва молӣ ба бор овард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадризо Солеҳӣ, устондори Хуросони Шимолӣ, бомдоди якшанбе гуфт, бар асоси гузоришҳои аввалия бар асари зилзилаи 5.7 рихтерии шанбешаб дар ғарби Буҷнурд- маркази устони Хуросони Шимолӣ, се тан ҷон бохта ва 255 нафар масдум шуданд, ки бештари онон, дармон шудаанд.

Солеҳӣ бо ишора ба хисороти ворид шуда, ба садҳо хона дар рустоҳои Хуросони Шимолӣ гуфт, ҳамаи дастгоҳҳои имдодӣ ва амниятӣ бо омодагии комил дар минтақа ҳузур доранд.

Вай афзуд, 13 русто бар асари зилзила байни 20 то 70 дарсад хисорат дидаанд.

Пас аз зилзилаи 5.7 рихтерии соати 22:31 дақиқаи шанбешаб ба вақти маҳаллӣ дар ғарби Буҷнурд, токунун пасларза дар ин минтақа сабт шудааст.