Май 18, 2017 09:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури пуршӯри мардум дар интихобот, иззат, иқтидор ва обрӯи Эрон

Баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, маҷлиси шӯрои исломӣ, маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва интихоботи шӯроҳои шаҳр ва русто ҳокӣ аз аҳамияти ҷойгоҳи интихобот дар низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Аҳамияти интихобот аз ин ҷиҳат аст, ки аввал, мизони мақбулияти мардумии як низомро нишон медиҳад ва дувум, дар асари интихобот мудирияти кишвар барои як давраи чаҳорсола ба шахсе вогузар мешавад, ки ташкили давлат хоҳад дод. Дар воқеъ мардум бо интихоби раиси ҷумҳурӣ сарнавишти кишвар ва худашонро барои як давраи чаҳорсола ба вай хоҳанд супурд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки ба интихобот аҳамияти зиёде додааст. Дар ин миён, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба далели инки интихоби дувумин шахси кишвар пас аз раҳбарӣ аст, ҷойгоҳ ва аҳамияти ба маротиб вижае дорад. Тай 38 соле, ки аз умри пурбаракати инқилоби исломӣ гузашта, ёздаҳ давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд ва дар сивунуҳумин соли пирӯзии инқилоби шукӯҳманди исломӣ низ замони зиёде ба баргузории яке аз муҳимтарин интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон боқӣ намондааст.

19 май рӯзе аст, ки мардуми Эрон барои мушорикат дар дувоздаҳумин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба пойи сандуқҳои раъй хоҳанд рафт. Мақоми муаззами Раҳбарӣ дар аввалин рӯзи соли 1396 дар иҷтимои азими зоирон ва муҷовирони ҳарами разавӣ масоили маишатӣ ва иқтисодӣ ва интихоботро ду мавзӯи аслии соли ҷадид унвон карданд. Хостаи аслии мақоми муаззами Раҳбарӣ дар бораи интихобот, ширкати умумӣ ва мушорикати ҳаддиаксарии мардум буда ва фармуданд :«Ҳузури пуршӯри ҳамаи воҷидони шароит дар интихобот, бар иззату иқтидор ва обрӯи Эрон хоҳад афзуд.»

 29 урдибиҳишт 1396 (19 майи 2017)-ро метавон яке аз муҳимтарин рӯзҳои сипеҳри сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 1396 донист. Зеро пойи интихоби раиси ҷумҳурӣ дар миён аст. Дар ин рӯз мушаххас хоҳад шуд, ки Ҳасани Руҳонӣ 4 соли дигар дар сохтмони Пастор ҳузур хоҳад дошт ва ё инки вай ҷойи худро ба шахси дигаре хоҳад дод ва унвони нахустин раиси ҷумҳурии якдавраии Ҷумҳурии Исломии Эронро ба номи худ сабт хоҳад кард.

Сабти номи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз рӯзи 22 фарвардин оғоз шуд ва то поён рӯзи 26 ин моҳ низ идома доштааст. Шахсиятҳои сиёсӣ низ барои сабти ном дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гӯйи сабқатро аз ҳамдигар рабуданд. Сабти номи шумори зиёде аз шахсиятҳои сиёсӣ сабаби тарҳи саволҳои мутааддиде шуд. Аз ҷумла ин, ки иллати сабти номи шумори зиёде аз шахсиятҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ чист? Оё ин ашхос барои раиси ҷумҳур шудан барнома доранд? Оё арсаи дигаре барои нақшофаринии ин ашхос вуҷуд надорад, ки бар тасаддии мақоми муҳими раёсати ҷумҳурӣ тамаркуз карданд? Оё шӯрои нигаҳбон метавонад дар як фурсати кӯтоҳ савобиқ ва салоҳияти ин теъдод аз ашхосро расидагӣ кунад? Посух додан ба ин саволҳои муҳим албатта дар ин маҷол намегунҷад ва ниёзманд таҳқиқи ҷомеътар аз завоёи мухталиф аст.

Сарфи назар аз инки чӣ касе ё чӣ ҷараёне пирӯзи ин интихобот хоҳад шуд, ҳузур ва мушорикати ҳаддиаксарии мардум бо ҳар гароиши сиёсӣ дар пойи сандуқҳои раъй як зарурат аст. Мушорикати густурдаи мардум зимни ин, ки зариби амниятӣ ва пуштивонаи мардумии ҳукуматро афзоиш медиҳад, паёми муҳимме барои мухолифони Ҷумҳурии Исломии Эрон дорад, бинобар инки мардум бо вуҷуди инки бархе мушкилот, ба хусус дар ҳавзаи маишатро ламс мекунанд, аммо бар тақвияти низоми ҷумҳурии исломӣ таъкид доранд. Воқеият ин аст, ки ҳеҷ газоф ва иғроқ нест, ки гуфта шавад, чашмҳои кишварҳои мухталиф ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрони исломӣ духта шудааст.

 

Барчасп