Рӯҳонӣ: Душманон барои исломҳаросӣ тавтеа мекунанд
Раисҷумҳури исломии Эрон, тафриқа ва террор ба номи исломро тавтеае дар масири исломҳаросӣ донист.
Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз дар дидор бо андешмандон ва рӯҳониёни ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Имрӯз душманони ислом бо мусаллаҳ кардани гурӯҳе одамкуш ва террорист ба номи ислом, шамшерро бар рухи ислом ва мусалмонон кашидаанд ва онҳоро рӯ дар рӯи якдигар қарор додаанд.
Рӯҳонӣ исломро дини амният ва бародарӣ донист ва тасреҳ кард: Набояд иҷоза диҳем, дар шароите, ки дигарон дар рифоҳ ва пешрафт ҳастанд, мусалмонон рӯ дар рӯи ҳам қарор гиранд ва ихтилоф ва куштор байни онон бештар шавад ва ҷавонони мусалмон аз масири ҳаққ мунҳариф шаванд.
Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар инки ҳамаи шиаён ва аҳли тасаннун бародар ва узви хонаводаи ҷаҳони ислом ҳастанд, афзуд: Имрӯз расолати сангине бар души уламои ислом аст, то ҷомеаро аз инҳирофи фикрӣ наҷот диҳанд ва бо муаррифии чеҳраи воқеии ислом, ба ҳамаи мазлумон ва мусалмонони ранҷдидаи ҷаҳон кумак кунанд.
Рӯҳонӣ таблиғи исломи эътидолӣ, эҳтиром ба тамомияти арзии тамоми кишварҳо ва таъкид бар ҳифзи марзҳои ҷуғрофиёии минтақаро аз барномаҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурии исломии Эрон унвон кард ва гуфт: Бо бетаваҷҷуҳӣ ба ин асл шоҳиди тадовуми ноамнӣ, бесуботӣ ва куштор дар минтақа хоҳем буд.