Ташаккури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ аз ҳузури пуршӯр ва густурдаи мардуми Эрон дар интихобот
(last modified 2017-05-20T10:58:20+00:00 )
Май 20, 2017 15:58 Asia/Dushanbe
  • Ташаккури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ аз ҳузури пуршӯр ва густурдаи мардуми Эрон дар интихобот

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе дар паёме ба муносибати интихоботи Эрон дар рӯзи 19 май, аз ҳузури пуршӯр ва густурдаи мардуми Эрон дар интихобот ташаккур карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва панҷумин давраи интихоботи Шӯроҳои исломии шаҳр ва русто дар Эрон, рӯзи гузашта (ҷумъа 19 май) дар Эрон ва 102 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.

Бар асоси эъломи натоиҷи ниҳоии дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, номзади ин интихобот бо беш аз 23 миллион раъй раисиҷумҳури мунтахаби Эрони исломӣ шуд.

Хабари такмилӣ ирсол мешавад.

 

Барчасп