Май 24, 2017 21:21 Asia/Dushanbe

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон, Амрикоро масъули ҳамаи иттифоқоти нохушоянде донист, ки дар ояндаи минтақаи Ховари Миёна рух хоҳад дод.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Баҳроми Қосимӣ гуфт: Бо таваҷҷуҳи инки Амрико бархе кишварҳои минтақаро мусаллаҳ мекунад ва бо бархе кишварҳои ҳомии гурӯҳҳои террористӣ таомул дорад, Вашингтон дар қиболи ҳар иттифоқе, ки дар оянда дар минтақа рӯй диҳад, масъул аст .

Қосимӣ таъкид кард, давлати Амрико бояд аз сиёсати шаффофтаре пайравӣ кунад ва намешавад бо стандартҳои чандгона дар минтақа амал кард .

Вай афзуд: Намешавад аз як тараф аз тавсеа, озодӣ, демократия ва ҳуқуқи башар сухан гуфт ва аз сӯи дигар аз бархе давлатҳое ҳимоят кард, ки бидуни иттико ба орои мардумашон ва бо хариди таслеҳот мехоҳанд, бар мардум ҳукумат кунанд ё дар масоили минтақа дидгоҳҳои тавсеаталабонаи худро пеш бубаранд .

 

Барчасп