Артиши Садом ва долларҳои Саудӣ кӯчактар аз муқовамати Эрон
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, озодсозии Хуррамшаҳр, шикасти артиши Ироқ ва долларҳои нафти Саудӣ, дар баробари муқовамати занон ва мардони эронӣ буд.
Муҳаммадҷаводи Зариф асри чаҳоршанбе дар Твиттер ба муносибати солрузи озодсозии Хуррамшаҳр навишт, артиши бузурги Садом- диктатори вақти Ироқ, ки аз сӯи Арабистони Саудӣ ҳимоят мешуд, натавонист бар ирода ва муқовамати эрониҳо ғалаба кунад.
Вазири умури хориҷаи Эрон, пеш аз ин ҳам борҳо аз ҳимояти Арабистони Саудӣ ва кишварҳои ғарбӣ аз режими Баъси Садом дар ҳамла ба Эрон дар солҳои 1980 то 1988 интиқод карда буд.
Рӯзи сеюми хурдод (24 май), солрӯзи озодсозии Хуррамшаҳр дар ҷанубу ғарби Эрон дар соли 1982 аст.
Ин рӯз дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи муқовамат, исор ва пирӯзӣ, номгузорӣ шудааст.
Озодсозии Хуррамшаҳр яке аз муҳиммтарин аҳдофи амалиёти “Байтулмуқаддас” дар ҷанги таҳмилии Ироқ бо Эрон буд ва Хуррамшаҳр дар ин амалиёт пас аз 578 рӯз, аз ишғоли режими Баъси Ироқ озод шуд.