Май 27, 2017 14:23 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии раиси ҷумҳурии Эрон ба сарони кишварҳои исломӣ

Раиси ҷумҳурии Эрон дар номаҳое ҷудоона ба сарони кишварҳои исломӣ, фарорасии моҳи мубораки Рамазонро табрик гуфт.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон дар номаҳое ҷудогона ба сарони кишварҳои исломӣ, бо табрики фарорасии моҳи мубораки Рамазон, муқобилаи онҳоро бо буҳронсозии носаҳеҳи душманон дар заминаи исломситезӣ ва исломҳаросӣ хостор шуд.

Дар бахше аз паёми Ҳасани Рӯҳонӣ омадааст, бетардид бар ӯҳдаи тамоми сарон, андешмандон ва олимони динии кишварҳои исломӣ аст то дар ин моҳи ғуфрону раҳмати илоҳӣ бо табйину тарвиҷи аҳдофи мутаолии дини Ислом дар рафтору амалу ироаи тасвире равшан аз ин дини раҳмонӣ, бо буҳронсозии носаҳеҳи душманони Ислом дар заминаи исломситезӣ ва исломҳаросӣ муқобила кунанд.

 Раиси ҷумҳурии Эрон ибрози умедворӣ кард, дар ин моҳи саросар азамату баракат, ҳамаи мусалмонон машмули хайроту баракоти Худованди мутаол қарор гиранду бо истионат аз зоти ақдаси илоҳӣ ва бо ҳамдиливу ҳамбастагӣ, беш аз гузашта барои истиқрору тасбити сулҳ, оромишу амният ва умедвор кардани ҳамаи мусалмонон ба ояндае беҳтар талош кунанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар поёни ин паём аз Худованди мутаол тавфиқи сиёму қиём, саломатӣ ва саодат барои сарони кишварҳои исломиву мусалмонон орзӯ кард.

Дар Эрони исломӣ имрӯз (шанбе) нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон  аст ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон низ имрӯзро нахустин рӯзи моҳи мубораки Рамазон эълом кардаанд.