Имоми ҷумъаи Теҳрон: Ҷаҳони Ислом бояд дар баробари тавтеаҳои истикбори ҷаҳонӣ ҳушёр бошад
(last modified Fri, 02 Jun 2017 10:44:19 GMT )
Июн 02, 2017 15:44 Asia/Dushanbe
  • Имоми ҷумъаи Теҳрон: Ҷаҳони Ислом бояд дар баробари тавтеаҳои истикбори ҷаҳонӣ ҳушёр бошад

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, миллатҳои исломӣ ва ҷаҳони Ислом бояд дар баробари тавтеаҳои истикбори ҷаҳонӣ ҳушёр бошанд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имоми Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба сафари ахири раисҷумҳури Амрико ба минтақаи Ховари Миёна ва фурӯши садҳо миллиард доллар силоҳ ба ҳокимони Саудӣ барои куштори мардуми бегуноҳи минтақа тасреҳ кард, уммати исломӣ бояд бо ҳифзи ҳушёрӣ дар қиболи тавтеаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ дар минтақа, ки бо ҳамоҳангии Арабистони Саудӣ дунбол мешавад, дар баробари зулм истодагӣ кунад. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон хитоб ба давлатҳои исломӣ ҳам гуфт, Ҳукумати Амрико, бавижа Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар ва ҳокимони Саудӣ бо ҳамоҳангии саҳюнистҳо дар ҳоли куштори мардуми бегуноҳи Яман, Баҳрайн, Сурия, Фаластин ва Афғонистон ҳастанд ва давлатҳои исломӣ набояд бо таноби Амрико ва саудиҳо ба чоҳ афтанд.

Оятуллоҳ Имоми Кошонӣ бо ҳушдор дар бораи пайравии бархе аз кишварҳои арабии минтақа аз Арабистони Саудӣ ва Амрико афзуд, сарнавишти давлатҳои арабӣ ва исломии минтақа, ки дунболарави сиёсатҳои Амрико ва саудиҳо ҳастанд, чизе ҷузи беобрӯӣ барои онҳо нахоҳад буд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ишора ба бисту ҳаштумин солгарди иртиҳоли Имом Хумайнӣ (раҳ.) тасреҳ кард, бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон Исломи ҳақиқиро ба ҷаҳониён ироа кард, парчами Исломро дар ҷаҳон барафрошт ва боиси ваҳшати истикбори ҷаҳонӣ шуд. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ба амнияти кунунии Эрон дар шароити ноамни минтақа низ ишора кард ва гуфт, иқдомоти Амрико барои ноамну бесубот кардани Эрон ва вазъи таҳримҳои иқтисодӣ то кунун бо ҳушёрӣ, ваҳдат ва инсиҷоми миллати Эрон ноком мондааст.