Июн 06, 2017 09:14 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши вазири хориҷаи Эрон ба ихтилофоти кишварҳои арабии Халиҷи Форс

Вазири умури хориҷа дар вокуниш ба тасмими бархе кишварҳои арабӣ ба қатъи муносиботи дипломатӣ бо Қатар, дар паёме твиттерӣ бар лузуми музокира барои ҳалли ихтилофот таъкид кард.

Ба иттилои хабаргузории садо ва симо, Муҳаммадҷаводи Зариф дар вокуниш ба қатъи равобити кишварҳои арабӣ бо Қатар навиштааст: Музокира кунед .

Дар паёми твиттерии вазири хориҷаи Эрон тасреҳ шудааст: “Ҳамсоягон ҳамеша ва доим ҳамсояи ҳам ҳастанд, мавқеиятҳои ҷуғрофиёиро наметавон тағйир дод, тавассул ба таҳдиду иҷбор ҳаргиз роҳҳал набуда ва музокираву гуфтумон амре зарурӣ ва иҷтинобнопазир аст, ба вижа дар аёми моҳи мубораки Рамазон”.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар идомаи ройзаниҳои худ дар хусуси охирин таҳаввулоти минтақа ва буҳрони арабӣ, бо 10 нафар аз ҳамтоёни худ телефонӣ табодули назар кард .

Зариф дар ин тамосҳои ҷудогона, ки бо вазирони хориҷаи Туркия, Индонезия, Ироқ, Уммон, Тунис, Малайзия, Лубнон, Алҷазоир, Қатар, Кувайт ва ҳамчунин хонуми Могеринӣ сурат гирифт, бар зарурати гуфтугӯ барои ҳалли масоили пешомада таъкид кард .

Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн дар як иқдоме муштарак бо иддаои ҳимояти Қатар аз терроризмв а ифротгароӣ равобити сиёсии худро бо Давҳа қатъ карданду ба дунболи он гузаргоҳҳои заминӣ ва ҳавоӣ ва дарёии худро бар рӯи ин кишвар бастанд.

Қатъи парвозҳои байни ин кишварҳо аз дигар иқдомоти онон алайҳи Қатар будав ва Давҳа низ мутақобилан парвозҳои худро ба ин кишварҳо қатъ кардааст .

 

Барчасп