Марги интиҳории як террористи дигар дар Теҳрон
Мудири кулли зиддитеррористии Вазорати иттилооти Эрон гуфт, дар пайи паҳн кардани ҳалқаи муҳосираи нерӯҳои ҳифозатӣ ва амниятӣ дар сохтмони идории Маҷлиси Шӯрои исломӣ, як нафар аз террористҳо худро мунфаҷир кард.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ин мақоми Вазорати иттилооти Эрон афзуд, афзун бар ин фард, ки пас аз шикаст дар аҳдофаш худро мунфаҷир кард, як нафар ҳам бо иқдоми қотеи нерӯҳои амниятӣ ба ҳалокат расид.
Вай ҳамчунин эълом кард, теъдоди амалиётҳои террористие, ки қарор буд имрӯз дар Теҳрон анҷом шавад се амалиёт буд, ки яке аз онҳо пеш аз ҳар гуна иқдоме хунсо шуд.
Мудири кулли зиддитеррористии Вазорати иттилооти Эрон афзуд, бо ин ҳол ду тими дигар, яке ҳарами Имом Хумайнӣ (раҳ) ва дигаре сохтмон Маҷлиси Шӯрои исломиро ҳадафи ҳамла қарор доданд, ки бо ҳушёрии маъмурони ҳарами Имом ба яке аз афроди интиҳорӣ қабл аз иқдом шиллик шуд ва фарди интиҳории дигар худро мунфаҷир кард.
Мудири кулли зиддитеррористии Вазорати иттилоот ҳамчунин изҳор дошт, тими муҳоҷим ба маҷлис низ таҳти муҳосира қарор дорад.