Июн 12, 2017 13:06 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон “Рӯзи миллии Русия”-ро табрик гуфт

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме, фарорасидани Рӯзи миллии Русияро ба давлат ва миллати ин кишвар табрик гуфт.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии раёсатҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёме ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ибрози умедворӣ кард, дар ростои пешрафтҳои муҳим дар равобити ду кишвар дар солҳои ахир ва бо иноят ба муносиботи дерина, ҳамкориҳои мавҷуд дар сутӯҳи дуҷониба, минтақаӣ ва байналмилалӣ беш аз пеш тавсеа ва таъмиқ ёбад.

Рӯҳонӣ барои давлат ва миллати Русия, саломатӣ, муваффақият, сарафрозӣ ва саодатро орзӯ кард.

12-уми июни 1990 нахустин анҷумани намояндагони ҷумҳурии Сотсиалистии Русияи Шӯравӣ, баёнияи истиқлолро тасвиб кард, вале 26 декабри 1991 бо фурӯпошии Шӯравӣ тавонист ба унвони як кишвари мустақил ҳувият пайдо кунад.

 

 

Барчасп