Зариф: Тасмимгирии Сенат, нишонаи кутаҳназарии амрикоиҳост
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт: Тасмимгирии ҷадиди Маҷлиси Сенати Амрико дар бораи ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон, нишондиҳандаи кутаҳназарӣ ва сиёсати ғалате буда, ки давлати Амрико дар чанд ҳафтаи ахир дунбол кардааст.
Сенати Амрико ҳаштуми июн ба кифояти музокирот барои тасвиби таҳримҳои ҷадиди зидди Эрон раъй дод, дар сурати тайиди ниҳоии ин тарҳ пас аз тасвиб дар Маҷлиси намояндагон ва имзои раисҷумҳури Амрико, таҳримҳои ҷадиде зидди ҷумҳурии исломии Эрон эъмол хоҳад шуд.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар бадви вуруд ба Осло, пойтахти Норвегия дар ҷамъи хабарнигорон дар хусуси эҳтимоли тасвиби таҳримҳои ҷадиди алайҳи Эрон дар Маҷлиси Сенати Амрико афзуд: Коршиканиҳо ва бадаҳдиҳои Амрико мавзуи ҷадиде нест ва дар ин хусус бо Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Чин ва Русия, ки аз тарафҳои тавофуқи ҳастаӣ ҳастанд ва дигар кишварҳо гуфтугӯ шудааст .
Зариф бо баёни инки кишварҳои аврупоӣ таъкид кардаанд, ки қасди онҳо идомаи равобит бо Эрон сарфи назар аз бадаҳдии Амрикост, тасреҳ кард: Раванди иҷрои БАРҶОМ бо таваҷҷуҳ ба инки Эрон ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мутааҳҳид ба иҷрои он ҳастанд, ба сурати табиӣ пеш меравад .
Вай ҳамчунин ҳадафи сафараш ба Норвегия ва ширкат дар Маҷмаи Ослоро ташреҳи мавозеи усулии Эрон ба унвони кишваре хоҳони сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон унвон карду афзуд: Минтақаи Ховари Миёна дар чанд ҳафтаи ахир бо танишҳои ҷадиде байни кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс мувоҷеҳ шудааст ва зарурат дорад, то талошҳои байналмилалӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз ташдиди ин танишҳо густариш ёбад.
Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе ба ҳамроҳи ҳайъате сиёсӣ ба манзури ширкат дар Маҷмаи Ослои 2017 вориди Осло шуд .