Силии маҳками мушакии Эрон ба террористҳо дар Сурия
Нерӯи ҳаво-фазоии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо ҳадафи муҷозоти омилони ҷинояти террористии ахири Теҳрон, мақари фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммӯъ ва пуштибонии террористҳои такфирӣ, дар Дайруззури Сурияро ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар иттилоияе эълом кард, бо ҳадафи танбеҳи террористҳои такфирӣ дар Сурия, мақари фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммӯъ ва пуштибонӣ ва сохти худравҳои интиҳории террористҳои такфириро дар минтақаи Дайруззур дар шарқи Сурия, бо чанд адад мушаки миёнбурди замин ба замин ҳадаф қарор додааст.
Дар пайи ҷинояти террористии ахир дар Теҳрон, ки ба шаҳодати 18 тан ва захмӣ шудани шуморе аз мардуми мазлум ва рӯзадори миллати Эрон мунҷар шуд, Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ эълом карда буд, ки "рехта шудани ҳеч хуни покеро бидуни посух намегузорад."
Бар асоси ин гузориш, ҳамлаи мушакӣ ба террористҳо дар Сурия бо муваффақият анҷом шуда ва ҳамаи мушакҳо бо диққат ба мавозеи террористҳо, исобат кардааст.
Гузоришҳои дарёфтӣ ҳикоят аз ҳалокати шумори зиёде аз террористҳои такфирӣ ва инҳидоми таҷҳизот, сомонаҳо ва силоҳҳои онон дорад ва пешбини мешавад, ҳаддиақал 360 ДИИШ-ӣ дар ин ҳамалот ба ҳалокат расидаанд.
Сипоҳи посдорон ҳамчунин ба террористҳои такфирӣ ва ҳомиёни минтақаӣ ва фаромитақаии онон ҳушдор дод, ки дар сурати такрори иқдомоти палид ва шайтонӣ зидди миллати Эрон, хашми инқилобӣ ва шӯълаҳои оташи интиқоми Сипоҳ, омилон ва мусаббибони онро дар бар хоҳад гирифт ва ҷинояткоронро ба сазои аъмолашон хоҳад расонд.