Июн 19, 2017 15:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати яке аз саркардагони ДИИШ дар ҳамалоти мушакии Эрон

Манобеи майдонӣ аз ҳалокати яке аз саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳамалоти мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба Дералзури Сурия хабар доданд.

Ба иттилои хабаргузории садо ва симо, ба гуфтаи манобе майдонӣ, яке аз саркардагони олирутбаи гурӯҳи такфирӣ-саҳюнистии ДИИШ бо номи Саъд Алҳусайнӣ маъруф ба Абусаъд бо тобеияти Саудӣ дар ҳамалоти мушакии шомгоҳи якшанбеи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба ҳалокат расидааст .

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шомгоҳи якшанбе мақарри фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммуъ ва пуштибонӣ ва сохти мошинҳои инфиҷории террористҳои такфириро дар минтақаи Дералзур бо шаш фарванд мушаки миёнбурди замин ба замини ҳадаф қарор дод .

Дар паи ҷинояти террористии ҳафтуми июн дар Теҳрон, ки ба шаҳодати 18 нафар ва захмӣ шудани шуморе аз мардуми мазлум ва рӯзадори Эрон мунҷар шуд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом карда буд, рехта шудани ҳеч хуни покеро бидуни посух намегузорад .

 

 

Барчасп