Июн 21, 2017 10:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 15 диишӣ бо шиллики як мушаки Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон

Манобеи майдонӣ рӯзи сешанбе эълом карданд, бар асари исобати яке аз мушакҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мақарри фармондеҳии гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Ал-Муҳасан, дар вилояти Дайр-уз-Зӯр, шарқи Сурия беш аз 15 террористи диишӣ ба ҳалокат расидаанд.

Ба гузориши “Пресс ТِِِВ, чанд нафар аз саркардагони гурӯҳи террористии ДИИШ низ дар миёни кушташудагон ҳастанд.

Душанбешаб низ эълом шуд, бар асари исобати яке аз мушакҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба мақарри фармондеҳии гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Ал-Маёдин, дар Дайр-уз-Зӯр беш аз 50 террористи диишӣ ба ҳалокат расидаанд.

 Ҳанӯз омори талафоти чаҳор мушаки дигар аз шаш мушаки шилликшудаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки ба таври дақиқ ба мақарҳои террористҳо дар Дайр-уз-Зӯри Сурия исобат карда, мунташир нашудааст.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ шомгоҳи якшанбе бо ҳадафи танбеҳи террористҳои такфирӣ дар Сурия, мақарри фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммуъ, пуштибонӣ ва сохти худравҳои инфиҷории террористҳои ДИИШ-ро дар Дайр-уз-Зӯр бо шаш мушаки миёнбурди “замин ба замин” ҳадаф қарор дод.

Ин мушакҳо бо убур аз осмони Ироқ ва тай кардани масири 650 километрӣ, ба сурати дақиқ ба аҳдофи таъйиншуда исобат карданд.

 Дар пайи ҷинояти террористии ҳафтуми июн дар Теҳрон, ки ба шаҳодати 18 нафар ва захмӣ шудани шуморе аз мардуми мазлум ва рӯзадори Эрон мунҷар шуд, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом карда буд, рехта шудани ҳеч хуни покеро бидуни посух намегузорад.

 

Барчасп