СММ: Хадамоти Эрон ба паноҳҷуён фаротар аз муоҳидоти байналмилалӣ аст
Намояндаи камиссари олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Эрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон чаҳорумин мизбони паноҳҷӯён дар ҷаҳон аст, хотирнишон кард, Эрон бо мизбонии саховатмандонаи худ аз паноҳҷуён, улгӯи шоиста барои дигар кишварҳост.
Ба гузориши ИРНА, Сиванка Дана Пала чаҳоршанбешаб дар ҳамоиши гиромидошти 20-уми июн - Рӯзи ҷаҳонии паноҳанда дар урдӯгоҳи атбои хориҷии Машҳад (шимоли шарқи Эрон) таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон бо рӯҳи сулҳталабиву инсондӯстии худ, ки баёнгари омӯзаҳои динӣ аст, ҳамеша фаротар аз муоҳидоти байналмилалӣ дар хидмати паноҳҷуён будааст.
Намояндаи камиссари олии Созмони милали муттаҳид дар умури паноҳандагон дар Эрон афзуд, гиромидошти ин рӯз дар шаҳрҳои Эрон, ки паноҳҷуёни зиёдеро дар худ ҷой додаанд, нишон аз тавваҷуҳи вижаи ҷумҳӯрии исломӣ ба умури паноҳандагон аст.
Сиванка Дана Пала таъкид кард, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора дар ҳавзаҳои беҳдошт, маишат ва омӯзишу парвариш хадамоти арзандае ба паноҳҷуён ироа кардааст.
Мақомоти СММ борҳо бо қадрдонӣ аз хадамоти Ҷумҳурии исломии Эрон ба паноҳҷӯён таъкид кардаанд, Эрон мадорис, донишгоҳҳо, бемористонҳо ва марзҳои худро ба рӯйи паноҳандагон боз кардааст, ба гунае ки ин афрод ҳамонанди мардуми Эрон аз ҳамаи мазоё бархӯрдор ҳастанд.