Вуруд ба мавзуоти байналмилалӣ, хостаи раҳбари инқилоб аз қувваи қазоияи Эрон
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз қувваи қазоияи Эрон хостанд, дар мавзуоти байналмилалӣ ҳамчун лағви таҳримҳо ва дифоъ аз мазлумони ҷаҳон ва мусулмонон вуруд кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, рӯзи душанбе дар дидори раис ва масъулони қувваи қазоияи Эрон таъкид карданд, қувваи қазоия бояд дар мавзуоте ҳамчун таҳримҳо, мусодираи амволи Эрон аз ҷониби Амрико ва терроризм ва низ дар мавзуоте монанди ҳимоят аз шахсиятҳо ва мардуми мазлуми ҷаҳон ҳамчун Шайх Иброҳим Закзокӣ, раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия ва мусулмонони Мянмар ва Кашмир, аз ҷойгоҳи ҳуқуқӣ ворид шавад ва назари худро қотеона эълом кунад, то дар ҷаҳон мунъакис шавад .
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Қувваи қазоия бояд парчамдори ҳуқуқи умумӣ дар ҷомеа шавад ва дар ҳар заминае, ки лозим буд, аз ҳуқуқи мардум бо қудрат дифоъ ва бо мутахаллифону қонуншиканон муқобила кунад .
Эшон гуфтанд: Эҳё ва гирифтани ҳуқуқи омма ва ҳимоят аз озодиҳои машруи мардум аз вазоифи муҳими қувваи қазоия аст ва ин қувва бояд парчамдори чунин мавзуоте бошад ва бо мухолифони ҳуқуқи умумӣ дар ҳар ҷойгоҳе муқобила кунад .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ҷамъбандии суханонашон, муроқибат аз неъматҳои илоҳиро зарурӣ хонданду хотирнишон карданд: Неъмати ҷавонон, неъмати ҷумҳурии исломӣ, неъмати қувваи қазоия ва тавоноиҳои он ва неъмати ҳамроҳӣ, муҳаббат ва итоати мардум нисбат ба низому инқилоби исломӣ, аз ҷумлаи неъматҳои бузурги парвардигор ҳастанд ва ҳама бояд муроқибат кунанд, ки ин неъматҳо зоеъ нашавад .