Қочоқи маводи мухаддир - як мушкили ҳамешагӣ
(last modified Wed, 05 Jul 2017 09:53:19 GMT )
Июл 05, 2017 14:53 Asia/Dushanbe
  • Қочоқи маводи мухаддир - як мушкили ҳамешагӣ

Афзоиши тавлид ва қочоқи мавод мухаддир дар ҷаҳон нигаронкунанда аст. Аммо чӣ омилҳое сабаби афзоиш ин нигаронӣ шуда ва чаро қочоқи маводи мухаддир ба як мушкили бепоён табдил шудааст.

Ин мавзӯъ меҳвари баҳсҳои ҳамоише буд, ки рӯзи сешанбе 4 июл ба ангезаи гиромидошти рӯзи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир, дар Теҳрон баргузор шуд.

Алии Лориҷонӣ - раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар ин ҳамоиш гуфт: Қочоқи маводи мухаддир дарун ва ҷисму ҷони инсонҳоро аз байн бурда ва хонаводаҳоро аз ҳам мепошонад ва баҳамрехтагии иҷтимоӣ эҷод мекунад, аз ин рӯ падидае бисёр бад барои ҷомеа аст. Эрон то ҳадде масири қочоқи маводи мухаддирро контрол мекунад, бинобар ин бақияи кишварҳо бояд як фикре ба ҳоли худ кунанд, зеро бино нест, ки ҳамаи ҳазинаҳоро Эрон бидиҳад ва бояд ба фикри тағйири кишт бошанд.

Дар ҳоли ҳозир ва бар асоси баровардҳои ҷаҳонӣ, ду падидаи терроризм ва тавлиди маводи мухаддир, хатари ҷиддӣ барои амнияти миллӣ ва суботи минтақаӣ ва байналмилалӣ маҳсуб мешаванд.

Дар ҳамсоиагии Эрон, Афғонистон ба унвони манбаи аслии тавлиди маводи мухаддир аст. Аз соли 2001, ки амрикоиҳо ба Афғонистон ҳамла карданд то бо маводи мухаддир ва терроризм мубориза кунанд, то имрӯз 16 сол гузаштааст. Неруҳои НАТО ва ба таври хос Англия, ки масъулияти мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистонро бар уҳда гирифтанд, то кунун ҳеҷ навъ дастовард ва пешрафти қобили дифое дар заминаи мубориза бо терроризм ва ҷараёнҳои ифротӣ надоштаанд.

Мавзӯи нигаронкунанда дар ин замина табдил шудани қочоқи маводи мухаддир ба манбаи даромад барои террористҳо ва таъсири он бар амнияти кишварҳои минтақа аст.

Андрей Кузнетсов, яке аз коршиносони масоили байналмилал дар Русия дар ин бора мегӯяд: Авзои Афғонистон ва таъсироти он бар масъалаи амният дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сояи сангини худашро дорад. Ба таври куллӣ, ҳар гуна идома ва тақвият таҳдидҳои суннатӣ дар Осиёи Марказӣ, хатаре барои амният Русия низ талаққӣ мешавад.

Дар ин вазъият, пурсише, ки матраҳ мегардад ин аст, ки оё талошҳои минтақаии чанд кишвар, аз ҷумла Эрон ҷиҳати мубориза бо маводи мухаддир ба танҳоӣ муассир воқеъ хоҳад гардид? Ва оё кишварҳое, ки аз терроризм ҳимоят мекунанд, дар заминаи мубориза маводи мухаддир содиқона талош хоҳад кард?

Воқеияти фоҷиабор ин аст, ки 10 миллион нафар дар ҷаҳон дар ҳавзаи қочоқи маводи мухаддир фаъол ҳастанд ва гардиши моли ҳосил аз қочоқи маводи мухаддир ба ҳазору 500 миллиард доллар мерасад. Мутобиқи гузоришҳои мунташира тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон дар соли 2016 ба панҷ ҳазору 600 тонна расид ва мутобиқи ҳамин гузоришҳо ҳудуди 35 дарсади ин мавод аз Эрон убур мекунад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони хатти муқаддами мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ҷаҳон беш аз се ҳазору 500 шаҳид ва беш аз 10 ҳазор захмӣ дар ин роҳ тақдим кардааст.

Саломат Азимӣ вазири мубориза бо маводи мухаддир дар конфронси байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир, ки моҳи марти 2017 дар Теҳрон баргузор шуд, бо қадрдонӣ аз Эрон ба далел ҷидият дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мегӯяд: Интизор дорад дигар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ дар иҷрои тааҳҳудоти худ дар заминаи ҳифозати марзҳо ва мубориза бо савдогарони марг, монанди Эрон гомҳои қотеъ ва ҷиддӣ бардоранд.

Тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон як таҳдиди хатарнок натанҳо барои минтақа, балки барои кулли ҷаҳон аст. Дар воқеъ Эрон бо талошҳои худ дар муборизаи сахт бо маводи мухаддир ва ба унвони сангари нахусти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бо маншаи тавлид дар Афғонистон, ҳазинаи сулҳ ва амнияти ҷаҳониро пардохт мекунад. Аммо он гуна, ки Алии Лориҷонӣ дар ҳамоиши Теҳрон гуфт: Иродаи байналмилалӣ барои мубориза бо мавод мухаддир дар саҳнаи амал вуҷуд надорад ва қарор нест Эрон ҳамаи ҳазинаҳоро дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир бидиҳад.