Номи нахустин бонуи эронӣ дар Гиннес сабт шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i20608-Номи_нахустин_бонуи_эронӣ_дар_Гиннес_сабт_шуд
Нахустин бори як бонуи эронӣ муваффақ шуд, рекорди шно бо дастони баста дар обҳои озодро ба номи худ дар феҳристи рекордҳои ҷаҳонии Гиннес сабт кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 26, 2017 11:15 Asia/Dushanbe
  • Номи нахустин бонуи эронӣ дар Гиннес сабт шуд

Нахустин бори як бонуи эронӣ муваффақ шуд, рекорди шно бо дастони баста дар обҳои озодро ба номи худ дар феҳристи рекордҳои ҷаҳонии Гиннес сабт кунад.

Ба нақл аз Ирно, Рӯҳуллоҳи Душманзиёрӣ, масъули сабти рекордҳои Гиннес дар Эрон гуфт: Илҳом Содоти Асғарӣ бо пушиши исломӣ ва бо дастони баста беш аз се соат дар обҳои Халиҷи Форс дар ҷануби Эрон шино ва дар ин замина рекорди ҷаҳониро ба номи худ сабт кард .

Масъули сабти рекордҳои Гиннес дар Эрон афзуд: Пеш аз ин, рекорди шно бо дастҳои баста дар обҳои озод дар ихтиёри Паул Карзерӣ, марди шиногари италияӣ буд.  

Дар Эрон илова бар Илҳом Содоти Асғарӣ, чаҳор нафари дигар низ дорандаи ҳукми сабти рекорди Гиннес ҳастанд, ки 2 мавриди он дар риштаи футбол дар бахши теъдоди гули зада ва рӯпоӣ ва 2 маврид низ дар риштаи танобзанӣ ва бештарин зарба задан ба туп бо шона аст .

Яке аз эрониёне, ки номи вай пеш аз ин дар феҳристи рекордҳои Гиннес сабт шуда, Алии Доӣ, футболист ва мураббии маъруфи эронӣ аст .

Алии Доӣ, рекорди бештарин гули миллиро дар варзиши футбол дар ҷаҳон дар ихтиёр дорад .