Эрон: Амрико бояд тааҳҳудоташро анҷом диҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i20610-Эрон_Амрико_бояд_тааҳҳудоташро_анҷом_диҳад
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Амрико бояд тааҳҳудотеро, ки бар асоси тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 1+5 бар уҳда гирифтааст, иҷро кунад.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Июл 26, 2017 12:23 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Амрико бояд тааҳҳудоташро анҷом диҳад

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Амрико бояд тааҳҳудотеро, ки бар асоси тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 1+5 бар уҳда гирифтааст, иҷро кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани тасвиби ғайри қонунии таҳримҳо зидди Эрон дар Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт: Амрико бояд ба тааҳҳудоти худ бар асоси барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) амал кунад ва мусавваботи дохилии кишварҳо наметавонад баҳонае барои фирор аз асли масъуляти байналмилалии давлатҳо бошад .

Вай афзуд: Маҷлиси намояндагони Амрико бо тасвиби таҳримҳои ғайри ҳастаии зидди Эрон, иҷрои муваффақиятомези БАРҶОМ-ро, ки як тавофуқи чандҷониба ва байналмилалӣ аст, ба хатар меандозад.

Маҷлиси намояндагони Амрико сешанбе шаб дар идомаи рӯйкарди хасмонаи Вашингтон дар қиболи Теҳрон, тарҳи ҷомеи таҳримҳои Эронро тасвиб кард .

Қосимӣ хотирнишон кард, ҷумҳурии исломии Эрон токунун бино ба тайиди Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ ва эъломи кишварҳои узви 5+1, ба тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ пойбанд будааст ва интизор дорад, то дигар тарафҳо аз ҷумла давлати Амрико низ ба тааҳҳудоташон пойбанд бошанд .

Вай тасвиби лоиҳаи таҳримҳо зидди Эронро нақзкунандаи рӯҳу матни БАРҶОМ донисту тасреҳ кард: Ҷумҳурии исломии Эрон дар чорчуби таъмини манофеи миллӣ, иқдоми мутақобил ва мутаносиб анҷом хоҳад дод .