Лориҷонӣ: Маҷлиси Эрон посухи мусаввабаи ахири Амрикоро хоҳад дод
Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт, Маҷлиси Шӯрои исломӣ посухи мусаввабаи ахири амрикоиҳоро дар ҷорӣ кардани таҳримҳои зидди Эрон хоҳад дод.
Маҷлиси намояндагони Амрико сешанбешаб (25 июл) дар идомаи рӯйкарди душманонаи Вашингтон дар қиболи Теҳрон, тарҳи ҷомеи таҳримҳои Эронро бо 419 раъйи мувофиқ тасвиб кард.
Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон чаҳоршанбешаб дар Машҳад (шимоли шарқи Эрон) дар бораи мусаввабаи маҷлиси Амрико дар хусуси таҳримҳо гуфт, Эрон зарфиятҳои хубе барои посухҳое ба иқдомоти Амрико дорад ва бамавқеъ аз ин зарфиятҳо истифода мекунад.
Лориҷонӣ гуфт, мусаввабаи Маҷлиси намояндагони Амрико нишон медиҳад, ки амрикоиҳо аз рӯйи шитобзадагӣ ва асабоният ин гуна иқдомотро анҷом медиҳанд.
Вай бо баёни ин ки ин мусавваба ҷанбаи таблиғотӣ дорад хотир нишон кард, тарҳе дар Маҷлиси Эрон барои посух ба тахаллуфи Амрико аз Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом) омода шудааст ва ба сурати ҷиддӣ пайгирӣ мешавад.
Раиси Маҷлиси Эрон ҳамчунин Барҷомро як тавофуқи байналмилалӣ донист ва гуфт, дағдағаҳои зеҳнии душманони Эрон, ба иллати муваффақиятҳои ҷумҳурии исломӣ дар минтақа аст.