Оғози Ҳамоиши байналмилалии бонувони мураввиҷи фарҳанги Разавӣ дар Машҳад
(last modified Mon, 31 Jul 2017 08:57:52 GMT )
Июл 31, 2017 13:57 Asia/Dushanbe

Сеюмин Ҳамоиши байналмилалии маҷмааи бонувони мураввиҷи фарҳанги Разавӣ, имрӯз бо ҳузури занони шохиси ҷаҳони Ислом дар ҳавзаи фарҳанги Разавӣ дар Машҳад оғоз шуд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон, дар ин ҳамоиши якрӯза, ки дар маркази пажӯҳишҳои исломии Остони Қудси Разавии Машҳад ва дар ҷавори боргоҳи малакутии ҳазрати Ризо (а) бар по шудааст, ҷамъи зиёде аз масъулони ҳавзаи фарҳанг ва маорифи Разавӣ ва фарҳехтагони ин арса, аз 15 кишвари ҷаҳон ҳамчун Афғонистон, Индонезия, Покистон, Ҳинд, Амрико, Сурия, Иданезия ва Ироқ ҳузур доранд.

Дастёри раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар ин ҳамоиш таъкид кард, ки зеҳни ҳамаи бонувони мусулмон бояд бар ин мутамаркиз шавад, ки хостаи Имом Ризо (а) аз бонувон чист.

Илҳом Аминзода гуфт, аҳамияти барпоии чунин ҳамоишҳое дар огоҳи бахшӣ ба бонувон ва тақриби андешаҳои исломӣ ва маорифи Разавӣ аст.

Акбар Шайх, мудиромили Бунёди байналмилалии фарҳангӣ– ҳунарии Имом Ризо(а) ҳам гуфт, ин ҳамоиш бо ҳадафи нашри маорифи Разавӣ, таомул ва табодули андешаи соҳибназарон ва конунҳои фаъол дар заминаи густариши фарҳанги Разавӣ дар кишварҳои мусулмон, шакл гирифтааст.

Акбар Шайх зарфияти илмии бонувон дар тарвиҷи фарҳанги Разавиро муассир ва қобили эътино баршумурд ва афзуд, истифода аз тавонмандии бонувони мураввиҷи фарҳанги Разавӣ, ки дар қолаби суханронӣ ва мақолоти пажӯҳишӣ ва коршиносӣ ироа шудааст, дар ин масир бисёр коргушо аст.

Дар ин ҳамоиш аз бонувони фаъол дар ҳавзаи муаррифии ҳазрати Ризо (а) ва тарвиҷи фарҳанги Разавӣ, ки дорои осори пажӯҳишӣ, таълиф ва тарҷума ё осори ҳунарӣ ва адабӣ дар заминаҳои тавлиди филм, намоҳанг, намоишнома, наққошӣ, шеър ва достон ҳастанд таҷлил мешавад.

Ин ҳамоиш ба ҳиммати Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ ва Бунёди байналмилалии фарҳангӣ – ҳунарии имом Ризо (а) дар Машҳад барпо шудааст.

Гуфтугӯи ҳамкорамон Баротӣ бо Акбар Шайх- мудиромили Бунёди байналмилалии фарҳангии имом Ризо (а)-ро дар ҳамин замина мешунавед.