Эрон ба таҳримҳои Амрико посухи муносиб медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21030-Эрон_ба_таҳримҳои_Амрико_посухи_муносиб_медиҳад
Раиси эронии Ситоди пайгирии иҷрои БАРҶОМ бо таъкид, бар ин ки таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон нақзи тавофуқи ҳастаӣ аст, таъкид кард, Эрон ба иқдомоти хасмонаи Амрико посухи муносиб хоҳад дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 03, 2017 05:55 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба таҳримҳои Амрико посухи муносиб медиҳад

Раиси эронии Ситоди пайгирии иҷрои БАРҶОМ бо таъкид, бар ин ки таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон нақзи тавофуқи ҳастаӣ аст, таъкид кард, Эрон ба иқдомоти хасмонаи Амрико посухи муносиб хоҳад дод.

   Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Саид Аббоси Ироқчӣ чаҳоршанбе шаб дар гуфтугӯ бо шабакаи “Аввал” телевизиони Эрон бо ишора ба ин, ки Амрико бо эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон, ба думболи ба ҳаддиақал расондани манофеи Эрон аз БАРҶОМ аст, тасреҳ кард, Вашингтон аз қудратмандтар шудани Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаросон аст.

  Муовини вазири умури хориҷаи Эрон, «БАРҶОМ» -ро монеи бузурге бар сарироҳи амрикоиҳо барои баргардондани дубораи таҳримҳои сангин алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла таҳримҳои нафтӣ донист ва гуфт, Вашингтон бо эъмоли таҳримҳои ҷадид саъй мекунад, иҷрои муваффақи БАРҶОМ-ро таҳти таъсир қарор диҳад.

  Ироқчӣ афзуд, Амрико умедвор аст, бо эъмоли таҳримҳои ҷадид алайҳи ашхос ва ширкатҳои эронӣ, Ҷумҳурии Исломии Эронро тарғиб кунад аз БАРҶОМ хориҷ шавад, аммо Вашингтон бидонад, Эрон гирифтори сиёсатҳои давлати Амрико ва Трамп нахоҳад шуд.

 Ироқчӣ ҳамчунин бо таъкид бар ин, ки Эрон ҳамчунон дар муқобили сиёсатҳои султаталабонаи Амрико хоҳад истод тасреҳ кард, бо имзои таҳримҳои Эрон аз сӯи Доналд Трамп, Маҷлиси Шурои Исломии Эрон, низ вориди ниҳоӣ кардани пеш нависе, ки дар ҳамин замина таҳия кардааст хоҳад шуд.

  Тарҳи муқобила бо иқдомҳои террористӣ ва моҷароҷӯёнаи Амрико дар минтақа, дар ҷаласаи алании 18 июли гузаштаи Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон бо аксарияти оро тасвиб шуд.

  Конгресси Амрико ҳафтаи гузашта, тарҳи ҷомеи таҳримҳои Ҷумҳурии Исломии Эронро тасвиб кард, ки ин мусавваба рӯзи чаҳоршанбе бо имзои Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба қонун табдил ва иҷроӣ шуд.