Август 03, 2017 18:30 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ҳайат​ҳои хориҷӣ ба Теҳрон барои ҳузур дар маросими савгандёди Рӯҳонӣ

Чанд ҳайати хориҷӣ барои ҳузур дар маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳурии Эрон, ки рӯзи шанбе баргузор хоҳад шуд, ба Теҳрон ворид шудаанд ва бақия ҳайатҳои даъватшуда низ то рӯзи шанбе ба Эрон хоҳанд омад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе, панҷуми августи соли 2017 дар саҳни кушоди Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон баргузор мешавад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар дувоздаҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 19-уми майи соли 2017 бо беш аз 23 миллиону 500 ҳазор раъй дар интихобот пирӯз шуд.

 Алберто Ортега, фиристодаи вижаи попи Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон, Ҷоб Ндугай, раиси Маҷлиси Танзания, Жан Макс Рокотомамонҷи, раиси Маҷлиси Мадагаскар, Отуни Анҷума, вазири ислоҳоти арзии Намибия, Барнабас Сибосисо Диломини, нахуствазири Свазиленд ва Лесиго Магути, вазири хориҷаи Лесото субҳи рӯзи панҷшанбе вориди Теҳрон шуданд.

Ким Юнг Ном, раиси президиуми Маҷмаи олии халқи Кореяи Шимолӣ низ чаҳоршанбешаб вориди Теҳрон шуд.

Ин ҳайатҳо дар посух ба даъвати расмӣ барои ҳузур дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ ба Теҳрон сафар кардаанд.

92 ҳайати баландпояи хориҷӣ ва байналмилалӣ дар канори шахсиятҳо ва масъулони кишварӣ ва лашкарии Эрон дар ин маросим ҳузур хоҳанд дошт.

131 хабарнигори хориҷӣ аз 29 кишвари ҷаҳон ҳам маросими савгандёдкунии раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро пӯшиши хабарӣ медиҳанд.

 

Барчасп