Август 05, 2017 17:00 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Теҳрон аз густариш ва тақвияти ҳамкориҳо бо Кобул истиқбол мекунад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба иштирокҳои густурдаи таърихӣ ва фарҳангии мардуми Эрон ва Афғонистон, аз густариш ва тақвияти ҳамкориҳои Теҳрон – Кобул истиқбол кард.

   Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе дар дидори Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, ки барои ширкат дар маросими таҳлиф (савганд ёд) дувоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон ба Теҳрон сафар кардааст, бо таъкид бар аҳамияти тақвияти иртиботот ва таомулоти густурда ва амиқи ду кишвар, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳеҷ кӯмаке барои густариш ва тасбити амният ва рифоҳи мардуми Афғонистон, дареғ нахоҳад кард.

   Рӯҳонӣ бо ишора ба инки мардуми Афғонистон ҳаддиақал аз 40 сол пеш гирифтори бесуботӣ ва ноамнӣ будаанд афзуд, Эрон ҳамвора дар фарозу нишебҳои таърихи Афғонистон дар канори мардуми ин кишвар буда ва хоҳад буд.

   Вай, ҳузур ва мудохилаи кишварҳои хориҷиро аз ҷумлаи мушкилоти ҷиддии минтақа баршумурд ва тасреҳ кард, ҳамкории наздик ва ҷиддитари Эрон ва Афғонистон барои ҳалли муъзалоте ҳамчун терроризм зарурӣ аст.

  Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин сомондиҳии мавзӯъи ҳузури муҳоҷирини афғонистонӣ дар Эронро зарурӣ зикр кард ва гуфт, бо таваҷҷуҳ ба вуҷуди иродаи ҷиддӣ дар давлатҳои Эрон ва Афғонистон бояд барои ҳалли ин мавзӯъ иқдом шавад.

  Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки Эрон хоҳони равобити хуб бо Афғонистон аст, хотирнишон кард, бандари Чобҳор (ҷанубу шарқи Эрон) бо таваҷҷуҳ ба иттисол ба хатти рейлӣ метавонад, мавриди истифодаи Афғонистон низ бошад ва аз ин тариқ, ҳамкориҳои ду кишварро дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва маъданӣ густариш диҳад.

  Муҳаммад Ашраф Ғанӣ низ дар ин дидор, амният ва суботро ниёзи ҷиддии Афғонистон баршумурд ва аз мусоидат ва кумакҳои мустамари давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз давлат ва миллати Афғонистон ташаккур кард.

  Ашраф Ғанӣ бо таъкид бар зарурати сомондиҳии вазъияти муҳоҷирини Афғонистон дар хориҷ аз ин кишвар ва бавижа Эрон, тасреҳ кард, эҷоди таҳаввули иқтисодӣ дар Афғонистон метавонад боиси ҷилавгирӣ аз муҳоҷират шавад.

 

Барчасп