Теҳрон мизбони ҳайъатҳои хориҷӣ, намоиши таомули созандаи ҷаҳон бо Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21154-Теҳрон_мизбони_ҳайъатҳои_хориҷӣ_намоиши_таомули_созандаи_ҷаҳон_бо_Эрон
Ҳузури ҳайъатҳои мухталиф аз панҷ қорраи ҷаҳон ва намояндагони ҳудуди 10 созмони байналмилалӣ дар маросими таҳлифи Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон, баёнгари таомули густардаи ҷаҳон бо Эрон, ба унвони кишваре муҳим дар минтақа буда, ки аз амният ва суботи итминонбахше бархурдор аст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 05, 2017 20:58 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони ҳайъатҳои хориҷӣ, намоиши таомули созандаи ҷаҳон бо Эрон

Ҳузури ҳайъатҳои мухталиф аз панҷ қорраи ҷаҳон ва намояндагони ҳудуди 10 созмони байналмилалӣ дар маросими таҳлифи Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон, баёнгари таомули густардаи ҷаҳон бо Эрон, ба унвони кишваре муҳим дар минтақа буда, ки аз амният ва суботи итминонбахше бархурдор аст.

Маросими таҳлифи Ҳасани Рӯҳонӣ асри имрӯз дар саҳни алании Маҷлиси Шӯрои исломӣ баргузор шуд ва сарону намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла ҳамсоягони Эрон дар ин маросим ҳузури густарда доштанд. Таҳлифи раисҷумҳури Эрони пас аз танфизи ҳукми вай аз сӯи раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баргузор гардид. Ҳасани Рӯҳонӣ, ба унвони давоздаҳумин раисҷумҳури исломии Эрон дар маросими таҳлифи худ дар ҳузури раиси қувваи қазоия, раиси девони олӣ ва аъзои Шӯрои нигаҳбон бар асоси асли 121 Қонуни асосӣ савганд ёд кард, ки ҳамаи тавону салоҳияти худро дар масири анҷоми масъулияташ ба кор гирад.  

Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, намоди мардумсолории ‌динӣ ва тарҷумони нақшу иродаи мардум дар арсаи сиёсӣ аст ва намояндагон, чашми бинои мардум дар расидагӣ ба умур дар арсаҳои мухталиф ба вижа сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳастанд. Илова бар инки вуҷуди Маҷлиси Шӯрои исломӣ ба маънои ҷарёни мардумсолории динӣ дар Эрон ба унвони улгуе бебадил дар минтақа ва ҳатто дар баробари улгуи либерал-демократии ғарб аст, ҳузури ҳайъатҳои густардаи хориҷӣ дар маросими таҳлифи раисҷумҳури Эрон ба маънои тасдиқи намоди мардумсолории динӣ дар Эрон аст.  

Ҳузури раисони ҷумҳурӣ, раисони маҷолис, вазирони хориҷа ва намояндагони бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар маҷмуъ беш аз 100 ҳайъати хориҷиро барои ширкат дар маросими таҳлифи раисҷумҳури Эрон ташкил медиҳанд, нишон аз таомули панҷ қорраи ҷаҳон бо Эрон дорад.

Теҳрон имрӯз тасвире аз ҷаҳоне кӯчак дар қолаби ҳамзистии мусолиматомез ва таомули созандаи ҷаҳон дар асри иртиботот аст, ки Эрон нақши таъсиргузоре дар ин аср дорад ва ҳузури барҷастаи ҳайъатҳои хориҷӣ дар Теҳрон, эҳтиром ва тасдиқи нақши ҷаҳонии Эрон аст.  

Дӯстӣ, сулҳ, амният ва рифоҳи башарӣ, паёми Эрон ба ҷаҳон аст ва дар ин чорчуб, ҷумҳурии исломии Эрон бо ҷаҳониён таомул дорад ва ҳаргиз таслими зӯргуиҳо ва фишори душманон нахоҳад шуд. Дар ҳамин замина, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар маросими танфизи ҳукми худ дар маҳзари раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид кард: Низоми ҷумҳурии исломии Эрон агар чи аз сари иззатмандӣ ҳазинаи истиқлоли кишварро пардохта ва мепардозад, аммо ҳечгоҳ таҳмили инзиво, аз сӯи душманонро намепазирад ва таслими хости бадхоҳон нашудааст .

Эрон бо рӯйкарде усулӣ ва дӯстона, ҳусни нияти худро дар арсаи ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ ва мушорикати фаъолу созанда ба намоиш гузошта, ки БАРҶОМ намунае аз он аст. Сафари ҳайъатҳои густардаи хориҷӣ ба Теҳрон дарёфти паёми ҳусни нияти Эрон ва исбот пуч будани иддаоҳои воҳии бархе кишварҳо аз ҷумла Амрико барои муаррифӣ кардани Эрон ба унвони кишваре мушкилсоз аст. Дар ҳамин чорчуб, Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: Эрон ба ҳамаи онҳое, ки хоҳони ҳусни ният ҳастанд, посухе дӯстона хоҳад дод .