Рӯҳонӣ: Эрон хоҳони сулҳу оромиш дар шибҳи ҷазираи Корея аст
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳалли ихтилофот дар шибҳи ҷазираи Кореяро аз масири гуфтугӯ хостор шуд.
Ҳасани Рӯҳонӣ асри рӯзи якшанбе дар дидори Ким Ён Нам, раиси Конгресси миллии халқии Кореяи Шимолӣ дар Теҳрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон мӯътақид аст, танҳо роҳи ҳалли ихтилофот ва барқарории сулҳу оромиш дар шибҳи ҷазираи Корея, музокира ва гуфтугӯ аст.
Рӯҳонӣ бо изҳори умедворӣ дар бораи оғози музокира байни ду Корея барои ҳалли ихтилофот афзуд, Эрон бар ин бовар аст, ки мизи тафоҳум ва музокира, беҳтарин роҳи ҳал барои поёни ихтилофот аст.
Рӯҳонӣ бо ишора ба равобити хуб ва пойдори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Кореяи Шимолӣ гуфт, Ҷумҳурии исломӣ мӯътақид аст, ҳамаи миллатҳои ҷаҳон бояд мӯҳтарам шумурда шаванд ва ҳар гуна мудохила дар умури дохилии соири кишварҳо носаҳеҳ аст.
Ким Ён Нам низ дар ин дидор густариши Ҷумҳурии Исломии Эронро бо Кореяи Шимолӣ дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ, илмӣ ва фановарӣ хостор шуд.
Ким Ён Нам бо таъкид бар тақвияти нақш ва ҷойгоҳи Ҷунбиши ғайримутааҳидҳо гуфт, Пхенян умедвор аст бо тақвияти ин ҷунбиш ҳамкориҳои созандае байни кишварҳои узв бо ҳадафи тавсеаи сулҳ ва амният барқарор шавад.