Рӯҳонӣ: БАРҶОМ ба нафъи Эрон, минтақа ва ҷаҳон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21594-Рӯҳонӣ_БАРҶОМ_ба_нафъи_Эрон_минтақа_ва_ҷаҳон_аст
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ба нафъи Эрон, минтақа ва кулли ҷаҳон буда ва ҳаркас бихоҳад, ба БАРҶОМ садама бизанад, ба худаш ва кишвараш садама задааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 13, 2017 11:34 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: БАРҶОМ ба нафъи Эрон, минтақа ва ҷаҳон аст

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ба нафъи Эрон, минтақа ва кулли ҷаҳон буда ва ҳаркас бихоҳад, ба БАРҶОМ садама бизанад, ба худаш ва кишвараш садама задааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар ҷаласаи ҳайъати давлат, ба изҳороти ахири  Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико зидди БАРҶОМ ишора карду афзуд: Иддаои раисҷумҳури Амрико мабнӣ бар инки БАРҶОМ бадтарини тавофуқи торихи Амрикост, дуруст нест, чун ончи дар БАРҶОМ аҳаммият дорад, мавзуи тафоҳум ва бурд–бурд буда ва ҳаргиз бурд–бохт матраҳ набудааст .

Рӯҳонӣ тасреҳ кард: Агар Амрико бихоҳад, алайҳи БАРҶОМ иқдом кунад, ҳамаи ҷаҳон рӯ дар рӯи Амрикои меистад, чун кишварҳои ҷаҳон алайҳи он касе ҳастанд, ки бихоҳад, БАРҶОМ-ро тазъиф кунад .

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт: Давлати Эрон дар амал ба ваъдаҳои худ дар масири таҳаққуқи шиораш мабнӣ бар наҷоти иқтисод, таомули созанда бо ҷаҳон ва эҳёи ахлоқ гомҳои хуб ва муҳиме бардоштааст .

Раисҷумҳури Эрон ба ширкати 130 мақоми аршади хориҷӣ, намояндагони 105 кишвар ва созмони байналмилалӣ дар маросими таҳлифи давоздаҳумин давраи раёсатҷумҳурии Эрон дар Теҳрон ишора ва таъкид кард: Бархе мехоҳанд, Эронро дар ҷаҳон мунзавӣ нишон диҳанд, аммо ҷаҳон бо садои баланд эълом кард, ки Эрон мунзавӣ нест .