Август 18, 2017 16:36 Asia/Dushanbe
  • Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон: Амрико пештози нақзи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба ҷинояти нажодпарастон дар Амрико гуфт, Амрико дар хати муқаддами зер по гузоштани ҳуқуқи башар қарор дорад ва мақомҳои ин кишвар бояд аз изҳори назар дар бораи ҳуқуқи башар дар соири кишварҳо хиҷолат бикашанд.

Дар тазоҳуроти нажодпарастонаи рӯзи шанбе дар Чарлотсвиллеи иёлати Вирҷинияи Амрико ҷавоне бо мошин ба ҷамъияти тазоҳуркунанда ҳамла кард, ки ба кушта шудани як зану захмӣ шудани 19 нафар мунҷар шуд.

Оятуллоҳ Сайидаҳмади Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон изҳор кард, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо иқдомҳои худ аз ҷинояти нажодпарастон ҳимоят мекунад. Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин бо маҳкум кардани ҷинояти гурӯҳҳои террористӣ дар Мирзо Авланги Афғонистон ва Барселонаи Испания изҳор кард, гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дастпарвардаи Амрико ҳастанд ва мардуми кишварҳои ғарбӣ барои ин ки бихоҳанд, аз ҷиноёти террористҳо раҳоӣ ёбанд, бояд аз давлатҳои худ бихоҳанд, ки аз онҳо ҳимоят накунанд.  

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо гиромидошти ёду хотираи шаҳид Муҳсин Ҳуҷҷаҷӣ изҳор кард, шаҳодати шаҳид Ҳуҷҷаҷӣ ин паёмро дорад, ки ҷавонони Эрон дар дифоъ аз ормонҳои Инқилоби Исломӣ пурангеза ва монанди ҷавонони авоили инқилоб дар соли 1979 ҳастанд. Оятуллоҳ Хотамӣ бо қадрдонӣ аз паёми Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ барои интиқом гирифтан аз ДИИШ ба далели шаҳодати Муҳсин Ҳуҷҷаҷӣ таъкид кард, сипоҳ ҳатман интиқом мегирад, зеро нобудии ДИИШ, ки ҷиноёти бесобиқа алайҳи мардум анҷом медиҳад, зарурӣ аст.

 

Барчасп