Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоб бо афви теъдоде аз зиндониён дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i2185-Мувофиқати_Раҳбари_муаззами_инқилоб_бо_афви_теъдоде_аз_зиндониён_дар_Эрон
Ба муносибати фарои расидани солрӯзи милоди бо саодати ҳазрати Имом Ризо (а), Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо афв ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкӯмони додгоҳҳои Эрон мувофиқат карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 13, 2016 20:43 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоб бо афви теъдоде аз зиндониён дар Эрон

Ба муносибати фарои расидани солрӯзи милоди бо саодати ҳазрати Имом Ризо (а), Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо афв ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкӯмони додгоҳҳои Эрон мувофиқат карданд.

Ба гузориши ИРНА, ҳамзамон бо айёми милоди набераи гиромии паёмбари Ислом, имом Ризо (а), ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо пешниҳоди афв ё тахфифи муҷозоти ҳафтсаду панҷ нафар аз маҳкумони додгоҳҳои ин кишвар мувофиқат карданд.

Оятуллоҳ Омулии Лориҷонӣ- Раиси қувваи қазоияи Эрон дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти ин даста аз маҳкӯмонро ироа кард, ки ин пешниҳод мавриди мувофиқати ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ қарор гирифт.