Август 19, 2017 11:23 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Терроризм намоди ҳеҷ мазҳабу нажоде нест

Вазири хориҷаи Эрон бо интишори матлабе дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттер, аз рӯйкарди дугонае, ки дар қиболи терроризм вуҷуд дорад, интиқод кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар пайи ду иқдоми нажодпарастона ва ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Шарлотсвилли иёлати Вирҷинияи Амрико ва шаҳри Барселонаи Испания, бо интиқод аз рӯйкарди Ғарб дар тавҳин ба Ислом пас аз ҳар навъ ҳамалоти террористӣ дар Ғарб таъкид кард, терроризм ба номи нажод ё мазҳаб, терроризм аст ва намояндаи ҳеҷ як аз инҳо нест.

Ҳафтаи гузашта дар тазоҳуроти нажодпарастона дар шаҳри Шарлотсвилли Вирҷинияи Амрико яке аз аъзои гурӯҳҳои нажодпараст даҳҳо нафарро зери чархи мошин гирифт, ки бар асари ин иқдом як тан кушта шуд ва беш аз 19 нафар захмӣ шуданд.

Рӯзи панҷшанбе низ дар Лос Рамблос, маркази шаҳри Барселонаи Испания мошине, ки ронандааш узви гурӯҳи террористии ДИИШ буд, даҳҳо нафарро зери чах гирифт, ки дар ин ҳамла дастикам 13 нафар кушта ва 100 нафари дигар захмӣ шуданд.

 Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико иқдоми нажодпарастона дар Шарлотсвилли Вирҷинияи Амрикоро бо бемайлӣ маҳкум кард, аммо дар мавриди ҳамлаи шаҳри Барселонаи Испания, вай билофосила бо интишори матлабе дар Твиттер он чӣ “терроризми исломӣ” хондро омили ин ҳамла донист.

Расонаҳои амрикоӣ муътақиданд, Трамп аз бими аз даст додани ҳимояти гурӯҳҳои нажодпараст ва ҷумҳурихоҳони тундрав, аз маҳкум кардани иқдомоти нажодпарастона худдорӣ мекунад.

 

Барчасп