Зариф: Намегузорем Амрико БАРҶОМ-ро лағв кунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i21994-Зариф_Намегузорем_Амрико_БАРҶОМ_ро_лағв_кунад
Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ҳифзи барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва ҷилавгирӣ аз бадаҳдиҳои Амрико, авлавияти ҷумҳурии исломии Эрон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 21, 2017 06:22 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Намегузорем Амрико БАРҶОМ-ро лағв кунад

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, ҳифзи барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва ҷилавгирӣ аз бадаҳдиҳои Амрико, авлавияти ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯ бо шабакаи дуввуми телевизиони Эрон гуфт: Набояд иҷоза дод, Амрико БАРҶОМ-ро бо ҳазинаи Эрон нақз кунад .

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 1+5 шомили Британия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бар хилофи тарафҳои дигари БАРҶОМ, барномаи ҷомеи иқдоми муштаракро тавофуқе ваҳшатнок хонда ва хостори барҳам хурдани он аст .

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин равобити хуб бо ҳамсоягон ва дипломатияи иқтисоди муқовиматиро аз авлавиятҳои дигари Эрон баршумурд.

Зариф ба ноамниҳои минтақа низ ишора карду гуфт: Амрико ва муттаҳидонаш аз ҷумла режими саҳюнистӣ бо эҷод ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ, ноамнӣ ва ифротгариро ба минтақа овардаанд .

Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, минтақа ниёз ба оромиш дорад ва кишварҳои минтақа бояд ба ин бовар бирасанд, ки амният, колои қобили харидан нест, ки битавонанд онро аз беруни минтақа ва аз дигар кишварҳо бихаранд .