Август 21, 2017 16:50 Asia/Dushanbe
  • Субот ва амният аввалавияти сиёсати хориҷии Эрон дар минтақа аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, талош барои ҳифзи субот, амният ва мубориза бо терроризм, аз аҳдофи минтақаии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар давраи ҷадид аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурун марзии Садо ва симои Эрон, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷиӣ дар посӯх ба саволи хабарнигорон дар бораи аввалавитҳои сиёсати хориҷии давлати дувоздаҳуми Эрон ва густариш ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа афзуд, талош барои иртиқои равобит бо ҳамсоягон ва кишварҳои перомунӣ ва кумак ба сулҳу суботи минтақа, аввалавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Қосимӣ афзуд, дар давраи ҷадид аввалавияти дигари давлати Эрон дар арсаи сиёсати хориҷӣ, ҳимоят ва ҳифозат аз БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) ва дастовардҳои он аст, ки ба равишҳои мухталиф бояд пайгирӣ шавад.

Баҳроми Қосимӣ таъкид кард, БАРҶОМ тавофуқи байналмилалӣ аст ва теъдоди зиёде аз кишварҳои ҷаҳон ҳомии ин тафоҳум ҳастанд, ки дар як иҷмои фарогир бояд аз дастовардҳои он ҳифозат шавад.

Қосимӣ дар бораи эҳтимоли тағйир дар равобити Теҳрон – Риёз низ гуфт, мақомоти арабистониӣ бояд бо воқеъбинии бештар шароити минтақаро таҷзия ва таҳлил кунанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин иттиҳомоти бархе расонаҳои кувейтӣ дар бораи иртиботи сафорати Эрон дар Кувейт бо гурӯҳи “Ал-Абдулӣ” ва фирор бархе аз аъзои ин гурӯҳ ба Эронро рад кард ва афзуд, ин бори аввал нест, ки расонаҳои кувейтӣ ахборе кизб, дурӯғ ва берабт зидди Эрон мунташир мекунанд, “Онҳо дар гузашта низ иддаои ғалате матраҳ карда буданд, ки аъзои ин гурӯҳ ба Эрон фирор кардаанд”.

 

Барчасп