Зариф: Эрон бо бадаҳдии Амрико бархӯрди ҳушмандона мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i22192
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, Эрон бо бадаҳдиҳои Амрика дар заминаи БАРҶОМ бархӯрди ҳушмандона хоҳад кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 25, 2017 16:39 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон бо бадаҳдии Амрико бархӯрди ҳушмандона мекунад

Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, Эрон бо бадаҳдиҳои Амрика дар заминаи БАРҶОМ бархӯрди ҳушмандона хоҳад кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИСНА бо ишора ба сафари ахири Никки Ҳейли, намояндаи доимии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид ба Вена таъкид кард, аҳдоф ва натоиҷи эъломшуда барои сафари намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид ба Вена бо бандҳои мухталифи БАРҶОМ ва Қатъномаи 2231-и Шӯрои амният дар хусуси нақши Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, зарурати ҳифзи истиқлол он ва ҳифозати ин ниҳоди байналмилалӣ аз иттилооти ҳассоси кишварҳо мухолифат дорад. Вазири умури хориҷии Эрон тасреҳ кард, Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ набояд иҷоза диҳад, истиқлол ва мавқеияташ дар робита ба БАРҶОМ дар саҳнаи байналмилалӣ зери суол биравад.

Никки Ҳейли рӯзи чаҳоршанбе дар Вена бо ҳадафи фишор бар ожонс дар хусуси барномаи ҳастаии Эрон бо Юкиа Амано, мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ дидору гуфтугӯ кард. Ин дидор дар ҳоле сурат гирифт, ки ба эътирофи гузоришҳои Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амният Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ба тамоми тааҳҳудоти худ дар қиболи БАРҶОМ амал кардааст. Аммо Доналд Трамп ҳамвора бар хилофи мавозеи тарафҳои дигари БАРҶОМ тавофуқи ҳастаиро тавофуқи ваҳшатнок хонда, хостори барҳам задани он аст, дар ҳоле ки ҷаҳон мухолифи ин иқдоми хасмонаи ӯст.