Август 28, 2017 09:03 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Эрон иҷозаи вуруд ба ҳавзаҳои манъшудаи Барҷомро намедиҳад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард, Эрон ҳеч гуна иҷозаеро ба дигарон барои вуруд ба ҳавзаҳои манъшуда дар тафоҳумоти Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом) намедиҳад.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо гуфт, Амрико наметавонад хостаҳояшро ба Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таҳмил кунад, гарчӣ Эрон ҳушдорҳои лозимро ба ожонс додаву тавсияҳои лозимро анҷом додааст.

Қосимӣ дар бораи музокироти Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмони Милал бо Юкиё Амоно, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии Эрон афзуд, Амрико бо равишҳои беҳосил дар пайи иддаои ҳамкорӣ накардани Эрон бо ожонс ва нақзи Барҷом аст, аммо ҳушмандии Эрон ин баҳонаро аз дасти онон гирифтааст.

Вай бо таъкид бар дифои Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз истиқлолу ҷойгоҳи ин ниҳоди байналмилалӣ дар баробари хостаҳои ғайримантиқии Амрико гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо хирадмандӣ сиёсатҳояшро дар қиболи Барҷом идома хоҳад дод ва дар нақзи он пешқадам нахоҳад шуд ва саъй мекунад, ки аз он ҳимоят кунад .

 Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон хитоб ба аъзои аврупоии Гурӯҳи 5+1 таъкид кард, онон бояд бо сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрико муқобила кунанду иҷоза надиҳанд, ки як кишвар бихоҳад яксӯя дар масири тазъифи Барҷом гом бардорад

Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе, 23-юми август пас аз дидор бо мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар нишастии хабарӣ муддаӣ шуд, Барҷом ҳеч тафовуте миёни боздид аз сайтҳои низомӣ ва ғайринизомии Эрон қоил нашудааст .

 

Барчасп