Август 30, 2017 21:23 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Қудрати Эрон фақат дифоӣ аст

Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт, ҷумҳурии исломӣ аз қудрати худ ҷуз барои дифоъ истифода намекунад.

Ба гузориши радиои Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи ҳайати давлат гуфт, Эрон кишвари қудратманде аст, аммо дар 40 соли гузашта Эрон ҳеҷгоҳ аз аҳромҳои худ алайҳи кишваре истифода накардаву ҳамеша дар дифоъ аз худ аз он истифода кардааст.

 Рӯҳонӣ бо ишора ба фаро расидани Иди Қурбон, паёми ин иди саидро задудани хунрезиҳо аз минтақа ва эҷоди субот, рушд ва муҳаббати исломӣ донист ва ибрози умедворӣ кард, аз ин рӯзҳо ва идҳо сарони кишварҳои исломӣ дарси лозимро биёмӯзанд то оромиш ва субот дар минтақа барқарор шавад.

Рӯзи ҷумъа, даҳуми зилҳҷҷаи соли 1438-и ҳиҷрии қамарӣ, баробар бо аввали сентябри соли 2017 дар Эрон ва бисёре аз кишварҳои исломӣ Иди саиди Қурбон аст.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин бо гиромидошти Солрӯзи шаҳодати Муҳаммадалии Раҷоӣ, раиси ҷумҳурӣ ва Муҳаммадҷаводи Боҳунар, нахуствазири Эрон дар солҳои нахусти пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ гуфт, ҷинояте, ки имрӯз ДИИШ муртакиб мешавад, авоили инқилоб “Мунофиқин” алайҳи мардуми Эрон муртакиб шуданд.

Ҳаштуми шаҳривари соли 1360, баробар бо 30-юми августи соли 1981 Раҷоӣ ва Боҳунар ба ҳамроҳи чанд тан аз аъзои ҳайати давлати Эрон дар инфиҷори дафтари нахуствазирӣ, ки ба дасти гурӯҳаки террористии “Мунофиқин” анҷом шуд, ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп