Табрики Рӯҳонӣ ба давлату миллати Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i22524-Табрики_Рӯҳонӣ_ба_давлату_миллати_Қирғизистон
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме фаро расидани солгарди истиқлоли Қирғизистонро табрик гуфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 01, 2017 13:46 Asia/Dushanbe
  • Табрики Рӯҳонӣ ба давлату миллати Қирғизистон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме фаро расидани солгарди истиқлоли Қирғизистонро табрик гуфт.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи ҷумъа дар паёме ба Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон фаро расидани солрӯзи истиқлоли ин кишварро ба ӯ ва мардуми ин ҷумҳурӣ табрик гуфт. Рӯҳонӣ дар паёми худ ибрози умедворӣ кард, бо иродаи ҷиддии масъулони ду кишвар муносиботи дӯстонаи Эрону Қирғизистон дар чорчӯби манофеи мутақобил беш аз пеш густариш меёбад.

Қирғизистон яке аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ аст, ки 31-уми агусти соли 1991 эъломи истиқлол кард.