Сентябр 04, 2017 16:59 Asia/Dushanbe
  • Ногуфтаҳое аз равобити Эрону Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон - бахши аввал

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, нахустин сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бахше аз хотироти худро дар бораи даврони маъмурияташ дар ин кишвар, равобити Теҳрону Душанбе, ҷанги дохилӣ ва музокироти сулҳи Тоҷикистон, нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон, бахусус сафири он дар таҳаққуқи сулҳ дар Тоҷикистон ба риштаи таҳрир даровардааст.

Муҷтаҳиди Шабистарӣ дар муқаддимаи мақолаи худ, ки онро хитоб ба Ҳасани Рӯҳонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурҳои Эрону Тоҷикистон навишта, овардааст: «Дар ин мақол ҳаргиз қасди таъриф аз худ дар байн нест ва бо таваҷҷуҳ ба ин ки даврони бознишастагиро сипарӣ мекунам, ҳеҷ гуна интизории подошу мақоме аз касе надорам. Аммо аз он ҷое, ки масъулияти Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон (ғайрдавлатӣ) бар уҳдаи нигоранда аст, бар ин боварам, ки бозгӯи ин хотирот метавонад дараҷаи наздикии ду миллат (ва беҳтар аст, бигӯям, як миллати ду порашуда)-ро нишон диҳад».

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ чунин менависад: “Ҷаноби оқои Ҳасан Рӯҳонӣ! Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон! Банда ба унвони касе, ки дар даврони сафирияш дар Душанбе барои ҳифзу тақвияти равобит ва истиқрори сулҳу амният дар Тоҷикистон ҷону эътибори сиёсии худро ба хатар андохта, ҳама гуна иттиҳомотро аз душманони беҳбуди равобити ду кишвар таҳаммул карда, имрӯз наметавонам шоҳиди адами таҳарруки мусбат дар равобити ду кишвар бошам. Қарнҳо буд, ки бо баҳонаҳои мухталиф байни мо, ду миллат фосила андохтанд ва дар ҳафтод соли шӯравӣ девори оҳанин байн мо кашиданд, аммо фарҳанги муштараки ғании мову тоҷикон монеъ аз гусастани робитаҳо шуда, пас аз истиқлоли Тоҷикистон Эрон аввалин кишваре буд, ки бо истиқболи беназири тоҷикон сафорати худро дар даймоҳи соли 1370 дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Аз он таърих то кунун, ҳатто дар айёми ҷанги дохилӣ мубодилаи ҳайатҳои сиёсӣ, фарҳангию иқтисодии байни ду кишвар сурат гирифта, таомулоти байни ду кишвар рӯз то рӯз густариш ёфта, ҳамкориҳои бузурги иқтисодию тиҷорӣ анҷом гирифта, табодули назару ҳамоҳангиҳои арзишманде дар маҷомеи байналмилалӣ барқарор буда ва ҳар кадом аз сафирони ду кишвар дар инкишофи равобит ба саҳми худ талош намудаанд. Аммо бояд эътироф намуд, сатҳи равобити ду миллате, ки мақоми муаззами раҳбарӣ дар мулоқот бо раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон онро «хешовандӣ» номиданд, ба далоили мухталифи сӯитафоҳумоту камбудиҳо аз ҳарду тараф ҳанӯз ба дараҷае, ки шоистаи ду кишвар (бо иштирокот дар ҳадди ягонагӣ) бошад, нарсидааст.

Иҷоза мехоҳам, нигаронии фарҳехтагон, устодону ҳунармандон, бозаргонону мардуми ду кишвар, тамоми ҳамфарҳангону ҳамзабонон ва онҳоеро, ки мутаваҷҷеҳи талхию хисорати солҳои дуре ҳастанд, аз раванди кунди феълии равобит, шайтанатҳои душманону бадхоҳони дӯстию наздикии форсизабонон (ки дар тӯли қарнҳо идома дошта, дар айёми ҷанги дохилӣ ба вузуҳ намоён шуда, имрӯз ба шева ва бо авомили ҷадид машғули фитнаву нифоқангезӣ ҳастанд) ёдовар шуда, шуморо огаҳ намоям, ки мардуми ду кишвари дӯсту бародар интизор доранд, бо истифода аз фурсати пешомада, ба баракати интихоби муҷаддади раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон табодули ҳайатҳои олиртбаи ду давлат дар дастури кор қарор гирифта, бо барқарории гуфтугӯи мустақими байни мақомоти ду кишвар сӯтафоҳумоти ба вуҷудомада рафъ ва дар шароити бисёри ҳассоси кунунӣ, ки хатари ифротгароӣ, гурӯҳҳои такфирӣ минтақаи Осиёи Миёна ва Ховари Миёнаро таҳдид мекунад, тарафайн бидуни таассубу пешдоварӣ ва бо рӯҳияи бародарона равобити 25 соли гузаштаро баррасию осебшиносӣ намуда, ҷиҳати тавсеаи равобиту ҳамкориҳо тарҳи нав дарандозанд ва ҳамон тавре ки ҷаноби оқои Раҳмон дар паёми табрики худ ибрози итминон кардааст, дар давраи ҷадиди раёсатҷумҳурии ҷаноби оқои Рӯҳонӣ бо саъйю талоши содиқонаи ду тараф ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Эрону Тоҷикистон ба сатҳи ҷадиде расида, дар ҷиҳати манофеи ҳарду миллат таҳким мегардад. Иншоаллоҳ”.

(Поёни бахши нахуст)

 

Барчасп