Сентябр 13, 2017 12:23 Asia/Dushanbe
  • Хунсо шудани барномаи ДИИШ барои 300 амалиёти террористӣ дар Теҳрон

Дастгир шудани як узви ДИИШ дар яке аз манотиқи Теҳрон аз барномарезии ДИИШ барои 300 амалиёти террористӣ дар ин шаҳр дар моҳи муҳаррам парда бардошт.

Фармондеҳи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии ноҳияи Шаҳриёри Теҳрон гуфт, бо дастгир шудани як узви ДИИШ дар ин минтақа мушаххас шуд, ки ин гурӯҳи такфирӣ дар садади иҷрои 300 амалиёти террористӣ дар айёми муҳаррам дар Теҳрон будааст. Сарҳанг Амин Ёминӣ афзуд, фарди дастгиршуда аз аносири шохаи “Аҷнод-уш-шом”-и ДИИШ аст. Фармондеҳи Сипоҳи ноҳияи Шаҳриёр гуфт, то кунун иттилооти бисёр муҳиме аз телефони ҳамроҳи ин узви гурӯҳи террористии ДИИШ ба даст омадааст ва ҳамчунон бозҷӯиҳо аз ӯ идома дорад.

 

Барчасп