Нахустин дидори мақоми аршади давлати Трамп бо ҳамтои эронии худ/ Тиллерсон ва Зариф ҳафтаи оянда дар бораи тавофуқи ҳастаӣ музокира мекунанд
(last modified 2017-09-16T16:29:26+00:00 )
Сентябр 16, 2017 21:29 Asia/Dushanbe
  • Нахустин дидори мақоми аршади давлати Трамп бо ҳамтои эронии худ/ Тиллерсон ва Зариф ҳафтаи оянда дар бораи тавофуқи ҳастаӣ музокира мекунанд

Вазири хориҷаи Амрико худро барои ширкат дар музокироти ҳастаӣ дар ҳафтаи оянда, бо вазири хориҷаи Эрон ва намояндагони дигар қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк омода мекунад.

Пойгоҳи интернитии “Fahren Pulsi” дар гузорише таҳти унвони «Тиллерсон ва Зариф ҳафтаи оянда дар бораи тавофуқи ҳастаӣ музокира мекунанд», навишт, ба гуфтаи чанд манбаи дипломатӣ, Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷаи Амрико худро барои ширкат дар музокироти ҳастаӣ дар ҳафтаи оянда бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон ва намояндагони дигар қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ омода мекунад. Ин гуфтугӯҳо дар сурати баргузорӣ, нахустин дидори як мақоми аршади давлати Трамп бо ҳамтои эронии вай хоҳад буд.

Ин иқдом ҳудуди як моҳ қабл аз мавъиде сурат мегирад, ки қарор аст, Трамп тайи он, тасмими худро мабни бар таъйиди пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ ё радди он дар гузориш ба Конграесс эълом кунад. Моҳҳост, ки бар сари мавзӯи тадовуми эъломи поийбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ ё хурӯҷи Амрико аз ин тавофуқномаи даврон Обама, ба шиддат дар миёни сафҳои давлати Трамп ихтилофоте буруз кардааст.

Дар моҳи июл Тиллерсон ва дигар мушовирони калидии амнияти миллии Амрико, аз иқдоми раисиҷумҳур мабни бар худдорӣ аз таъйиди пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаӣ, ҷилавгирӣ карданд. Вале гуфта мешавад, Трамп аз ин тасмим бисёр норозӣ буда ва умедвор аст, дар моҳи октябр ин тавофуқро лағв кунад.