Рӯҳонӣ: Хуруҷи Амрико аз Барҷом ҳазинае сангин дорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23249-Рӯҳонӣ_Хуруҷи_Амрико_аз_Барҷом_ҳазинае_сангин_дорад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, хуруҷи эҳтимолии Амрико аз Барҷом (тавофуқ ҳастаӣ) ҳазинае сангин барои ин кишвар дар пай хоҳад дошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 19, 2017 05:30 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Хуруҷи Амрико аз Барҷом ҳазинае сангин дорад

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, хуруҷи эҳтимолии Амрико аз Барҷом (тавофуқ ҳастаӣ) ҳазинае сангин барои ин кишвар дар пай хоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, ки ба манзури ширкат дар ҳафтодудувумин Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк ба сар мебарад, рӯзи душанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи амрикоии Си Эн Эн дар хусуси вокуниши Эрон ба хуруҷи эҳтимолии Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ афзуд: “Ман муътақид нестам, ки амрикоиҳо хостори пардохти чунин ҳазинае бошанд, он ҳам барои чизе, ки анҷоми он барои онҳо беҳуда хоҳад буд”.

Рӯҳонӣ гуфт, ин иқдоми эҳтимолӣ натанҳо суде барои Амрико надорад, балки ҳамзамон боис хоҳад шуд то беэътимодӣ дар иртибот бо Амрико дар ҷаҳон шакл бигирад ва тақвият шавад.

 Раиси ҷумҳурии Эрон бо баёни ин ки ҳамакнун Вашингтон даргири масъалаи Кореяи Шимолӣ аст, таъкид кард, агар Амрико бихоҳад аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шавад, чаро Кореяи Шимолӣ бояд вақти худро талаф кунад ва пушти мизи музокира бо Амрико бинишинад? Зеро онҳо низ мумкин аст чунин фикр кунанд, ки пас аз солҳо музокира ва расидан ба тавофуқи билқувва дар ин замина, имкон дорад, ки раиси ҷумҳурии баъдии Амрико бихоҳад аз тамоми дастовардҳои сиёсии ба дастомада хориҷ шавад.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷ ба илова як (Русия, Чин, Британия, Фаронса, Амрико ва Олмон) аз январи соли 2016 амалӣ шудааст ва давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ, ҳамвора дар масири иҷрои Барҷом монеътарошӣ мекунад.