Бонуи физикдони эронӣ барандаи ҷоизаи “Эрвин Шрёдингер”
Лолаи Ҳақвердӣ, физикдони эронӣ аз муассисаи “Helmholtz Munich” ва озмоишгоҳи аврупоии зистшиносии биологӣ, барандаи ҷоизаи “Эрвин Шрёдингер” шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, ин ҷоиза ба иллати тарроҳӣ ва таҳияи равишҳо ва алгоритмҳои навини мутолиаи меконизми тасмимоти марбут ба тақсими вазоифи силлулҳо дар фароянди тақсими силлулҳои поя, ба бонуи физикдони эронӣ эҳдо шудааст.
Ҷоизаи “Эрвин Шрёдингер” ҳар сол ба таври муштарак аз тарафи муассисаи таҳқиқотии Helmholtz Munich” ва Созмони «Stieffrund» ба як тарҳи таҳқиқотӣ байни риштаӣ, тааллуқ мегирад.
Номзадҳои ин ҷоиза аз миёни тарҳҳое, ки бар асоси ҳамкорӣ ва таомули донишмандони риштаҳои улум, пизишкӣ ва муҳандисӣ таъриф шудаанд, интихоб мешаванд.